Соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад.
Баргузории Симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки таърихнигорону бостоншииносони давлатҳои гуногун дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст.
Ёдгориҳое, ки аз девормусаввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфт шудаанд, имрӯз қадимтарин намунаи хати забони тоҷикӣ мебошанд.
Дар доираи баргузории ҳамоиш якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Конфренсияи ҷумҳуриявии «Мавқеи Хутали қадим дар инкишофи пешрафти таърихи миллати тоҷик» дар назар аст. Инчунин сабти филм вобаста ба шаҳрҳои Хутали қадим низ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд иброз намуд, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад. Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.



