Дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров имкон фароҳам овард, ки ҷаҳониён тавассути он дар шинохту баррасии тоҷикон пешгом шуда, гузаштаву имрӯзи миллати моро амиқан дарк намоянд. Чунончи, Сарвари давлатамон дар ин бобат иброз медоранд, «Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ исбот намуд, ки миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмиву адабӣ ва анъанаву арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳиву бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад. Арзиши баланд ва таҳлилу таҳқиқи фарогири илмии ин асар аз ҷониби маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ ба таври сазовор истиқбол ва эътироф гардид».
Китоби «Тоҷикон» оинаи тамаддуни миллати тоҷик, хазинаи бебаҳои таърихи ниёгон ва шуҷоату бузургии тоҷиконаи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки муҳимтарин сарчашмаи илмию таърихии миллати тоҷикро барои наслҳои имрӯзу фардо баррасӣ намудааст.
Китоби «Тоҷикон»-ро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шиносномаи миллат» ном бурда, ин асар барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад, ки барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо зарур аст.



