Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2026 дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор менамояд.
Маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ёдгориҳои нодири бостонии ҷумҳурӣ — шаҳрҳои Истаравшан, Ҳисор, Ҳулбук ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат идома дорад.
Ин иқдом дар партави ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сабзкории мамлакат, хусусан мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ, ки ҷузъи асосии сайёҳӣ ба шумор мераванд, амалӣ мегардад.
Аз ҷумла, дар асоси ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватан кори неке анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад.
«Дар шароити буҳронию ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаю ҳаррӯзаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб мешавад», – изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.




