ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Соли 2026-Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор шуд.

Директори Агентӣ Шералӣ Хоҷазода изҳор дошт, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 — ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. «Ин сол масъулияти ҳар сокини мамлакатро дар татбиқи ҳадафҳои созанда дучанд намуда, водор месозад, ки дар баробари бунёду обод кардани Ватан, ҳамзамон дар шуури ҳар шаҳрванд эҳсоси масъулият, ифтихор аз миллат, арҷгузорӣ ба таърих ва ҳифзи арзишҳои миллӣ боз ҳам қавитар гардад», -изҳор гардид зимни ҳамоиш.

Таъкид шуд, ки бо ин мақсад, яъне бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор мегардад.

Инчунин,  қайд гардид, ки рисолати ҳар яки мо имрӯз пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб меёбад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top