ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

Яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хоса ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Тероризм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имруза терроризм ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ тағири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

       Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои асосии ҳар як ташкилот, муассиса ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Дар шароити кунини вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, милатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гуруҳҳои манфиатҷуе, ки дини мубини исломро бо терроризм омехта менамоянд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муарифи, мекунанд худдори намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористи ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафари дигар мегарданд.

          Вазифаи муқаддаси ҳар як фарди кишварамон ин аст, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангиамон ва муҳофизати марзу буми Ватани азизамон ки номаш Тоҷикистон аст. арҷгузор бошем, ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ бирасем.

Собирҷони И

Муовини директори осорхона

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top