Шаҳри бостонии Карон дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз дар ҷанубу шарқии Тоҷикистон воқеъ аст.
Шаҳри Карон дар баландии 1700 — 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Шаҳр тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёӣ рост меояд.
Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳад.




