САДА:АЗ ОЙИНИ БОСТОНӢ ТО МЕРОСИ   ФАРҲАНГИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони: «Сада: аз ойини бостонӣ то мероси фарҳангӣ ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хоҷазода Шералӣ Раҷаб оид ба таърихи бою ғанӣ доштани иди Сада ва бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шудани ин ҷашни қадимӣ маълумот дод.

Аз ҷумла, таъкид намуд, ки ҷашнҳои бостонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангӣ миллати тоҷик ба шумор мераванд. Онҳо на танҳо хотираи таърихиро ҳифз мекунанд, балки ҷаҳонбинӣ, арзишҳои маънавӣ ва ҳувияти миллиро ба наслҳои оянда мерасонанд. Яке аз чунин ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод – ҷашни Сада мебошад, ки имрӯз ҳамчун унсури муҳими мероси ғайримоддии фарҳангӣ эътироф гардидааст.

Иброз гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои миллию қадимии миллати тамаддунофари тоҷик буда, ин ҷашн тибқи ривояту анъанаҳои гузаштагон аз омад — омади фасли баҳор, омодагиҳои деҳқонон ба кишту кор, зуҳури равшанӣ бар зулмот ва сардӣ бар гармӣ, панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ё сад рӯз мондан ба иди Наврӯзро хабар  медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ эҳё ва ҳифзи чунин ҷашнҳо аҳамияти хос дорад. Ҷашни Сада ҳамчун мероси ғайримоддӣ метавонад василаи муаррифии фарҳанги бостонӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди муколамаи фарҳангҳо гардад. Ҳифзи он на танҳо вазифаи як миллат, балки саҳм дар нигоҳдории ганҷинаи фарҳангии тамоми башарият аст.

Дар ҳамоиш аз ҷониби кормандони Агентӣ доир ба таъриху оинҳои хосаи ин ҷашн маъруза намуданд. Аз ҷумла, Сафоев Ф. – сармутахассиси раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникӣ дар мавзуи  «Пайдоиш ва таърихи ҷашни Сада», Шарифзода Н. – мутахассиси пешбар шуъбаи робитаҳои хориҷӣ доир ба мавзуи  «Сада – рамзи нур, гармӣ ва ҳамбастагии инсонӣ», Қодиров М.– мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва ҳуқуқ вобаста ба «Сада дар оинаи таърих: аз ойини бостонӣ то мероси фарҳангии ҷаҳонӣ» баромад намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top