Мақбараи Мавлоно Обиддин, Даштикулакӣ, дар 6 км қисмати шимолии шаҳраки Данғара дар ҳудуди ҷамоати деҳотии Корез ҷой гирифтааст. Он дар асри XIV аз хишти пухта сохта шуда, дорои як ҳуҷра ва сағонаи зеризаминӣ мебошад. Ёдгорӣ соли 2006 ба пуррагӣ аз нав тармим карда шуд.



