Қалъаи Мӯминобод дар маркази ноҳия, дар соҳили чапи сойи беном воқеъ мебошад. Қуллаи теппа ҳамвор буда, дар қисми ғарбии қалъа дар манзараи замин фақат як теппаи начандон баланд (1 м) ба назар мерасад. Баландии умумии қалъа дар канори ҷанубу ғарбӣ 6 м буда, дар канори шимолу шарқӣ 15 – 16 м мебошад. Масоҳати қалъа 36 х 46 м. мебошад. Сангузорӣ: асрҳои X-XII ва XV-XVI.



