Дар асарҳои адабии шоирону нависандагони мо ганҷинаҳои нодире нуҳуфтааст, ки ҳар кадоми онҳо қобили пажӯҳиш ва таҳқиқ мебошанд, ки яке аз он ганҷинаҳои нодир баррасии вожаҳои ахлоқӣ дар эҷодиёти онҳо мебошад. Он вожаҳои ахлоқие, ки амалӣ намудани он ба ҷомеа, бахусус, ҷомеаи имрӯза зарур мебошанд, дар асрҳои гузашта шоирону адибони мо дар осори пурарзиши худ ба онҳо ишора намудаанд, ки бо омилу сабабҳои гуногун тули асрҳо нуҳуфта монданд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши асарҳои шоирону адибони классик таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Бо дастгирӣ ва супориши бевоситаи Сарвари давлат осори гузаштагон ба хатти имрӯза – кириллӣ тарҷума ва баргардон шуда, дастраси омма гардонида шуд, ки ҳар шахс метавонад аз онҳо озодона мутолиа ва истифода намояд. Аз ин рӯ, аҳли хирадро зарур мебошад, ки ҷиҳати ҳифз ва ба насли оянда пешниҳод намудани ганҷинаҳои нуҳуфтаи адабии ниёконамонро, ки як мероси бою арзишманди ғайримоддии ин миллати куҳанбунёд ба шумор меравад, мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор дода, барои огоҳӣ пайдо намудани насли имрӯза ба ҷомеа пешниҳод намоянд.
Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки дар мақола вожаҳои ахлоқӣ, ки ҳифзу истифодаи он имрӯз барои ҳар як нафари мо ҳатмӣ мебошад, аз ғазалиёти Хоҷуи Кирмонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Хоҷуи Кирмонӣ – Камолиддин Абулато Маҳмуд ибни Алӣ, ки бо номи «Хоҷуи Кирмонӣ» машҳур буда, соли 1281 дар шаҳри Кирмон ба дунё омадааст. Ӯ ба бисёр шаҳрҳо сафар карда, дар охир дар шаҳри Шероз рахти иқомат мегузинад ва то охири умр дар ин шаҳр ҳаёт ба сар буда, соли 1352 аз олам мегузарад, ки марқади ӯ дар тали Танги Шероз буда, Оллоҳу Акбар ном дорад.
Дар таърихи адаби форсу тоҷик Хоҷу, пас аз Хусрави Деҳлавӣ, дуюмин сарояндаи достонҳои ишқӣ, ахлоқӣ ва давомдиҳандаи суннатҳои Низомии Ганҷавӣ ба шумор меравад.
Ашъори Хоҷу ҳанӯз дар замони зиндагиаш машҳур буда, ҳатто Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бузургтарин шоирони ғазалсаро эътироф гардидааст, худро шогирди Хоҷу дониста, эҳтиром ва алоқамандии худро нисбат ба ҳунару истеъдоди Хоҷу баён намуда, мегӯяд:
Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо
Дорад ғазали Ҳофиз тарзу равиши Хоҷу [4; 233].
Бо вуҷуди ин ҳама оид ба шинохти Хоҷуи Кирмонӣ то ҳол ба таври бояду шояд таҳқиқоти судманде анҷом дода нашудааст. Ин буд, ки донишманди бузурги Эрон Саид Нафисӣ бо афсӯс менависад: «Шоири бузурги қарни ҳаштум бо он ҳама шуҳрате, ки аз панҷсад сол пеш то кунун ҳамвора дар Эрон ва мамолики порсизабон доштааст, дар ин вақт шӯрбахттар аз дигарон буда ва аз куллиёти ӯ ки шомили чанд китоб ва беш аз бисту ҳафт ҳазор шеър аст, танҳо китобе, ки ба табъ расида буд, маснавии «Ҳумою Ҳумоюн»-и ӯст» [3; 23].
Қайд кардан ба маврид мебошад, ки яке аз муҳимтарин омӯзишҳои динии тамоми адён таваҷҷӯҳ ба ахлоқ ва риояи усули ахлоқӣ мебошад. Масалан, назар ба дини Зардушт кунем мебинем, ки асоси пояи динии ӯ ба «андешаи нек», «гуфтори нек» ва «кирдори нек» асос ёфта, нахсут масъалаи дарҷгардида, ахлоқ мебошад. Аз ин бар меояд, ки масъалаҳои ахлоқӣ ва маънавӣ хоси як қавм, миллат ва дин набуда, ҷавҳари асосии ҳар як қавму миллат ва дин маҳсуб меёбанд. Бузургони мо низ дар осори хеш чӣ ба тариқи назм бошад ва чӣ ба тариқи наср ба масъалаҳои ахлоқӣ ишора ва таъкидҳо намудаанд, ки намунаи онҳо то имрӯз мавриди истифодаи оламиён қарор дорад. Аз ҷумла, андарзи устоди ғазал – Саъдии бузург:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд….
ки дар даромадгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳарфҳои зарин насб гардидааст, далели ин гуфтаҳо мебошад [9].
Он чи дар мавриди «ахлоқ» гуфта мешавад, ин аст, ки: «Ахлоқ- ҷамъи вожаи «хулқ» буда, сифатеро гӯянд, ки дар нафси инсон русух дорад ва муҷиби он мешавад, ки афъоли мутаносиб бо он бидуни ниёз ба тафаккур ва таъаммул аз ӯ содир шавад. Хулқ ҳамон малака аст, ки дар муқобили ҳол қарор дорад». Ибни Мискавайҳи мегӯяд: «Хулқ ҳамон ҳолати нафсонӣ аст, ки инсонро ба анҷоми корҳое даъват мекунад, бе он ки ниёз ба тафаккур ва андеша дошта бошад» [5; 233].
Чунон ки маълум аст, бештар вожа ва ибораҳои ахлоқӣ, ки барои риояи онҳо дар ҳаёти рӯзмарра дар осор ва ганҷинаҳои адабии ниёконамон ишора ва таъкидҳо шуда, мавқеи хосро ишғол мекунанд, решаи арабӣ дошта, аксар мардуми омма мазмуни онро дарк намекунанд. Аз ин рӯ, баррасӣ ва шарҳу баёни вожаҳои ахлоқӣ бо оврадани мисолҳо аз ашъори шоир ва ғазалсарои асри XIV – Хоҷуи Кирмонӣ аз як су, ба дарки вожаҳои ахлоқӣ мусоидат кунанд, аз сӯи дигар каме ҳам бошад, ба шинохти ин шоири бузург ва хамсасарой, ки бо унвони “Нахлбанди шуаро” машҳур мебошад, ошноӣ пайдо мекунанд. Чун, Хоҷуи Кирмонӣ аз зумраи он шоирони орифе мебошад, ки ашъори ӯ саршор аз панду ахлоқ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, тули асрҳо марҳами дӯсторони илму адаб қарор дошт. Ин буд, ки доктор Забеҳуллоҳи Сафо истеъдоди баланди ғазалсароии Хоҷуро эътироф намуда, навиштааст: «…Дар ғазал ва маснавӣ соҳиби дасти қавӣ буда ва хусусан дар овардани мазомини ирфонӣ дар ғазал чирадаст ва дар ин роҳ пешвои Ҳофиз аст ва Ҳофиз худ ба тақаддуми вай дар ин ҷониб ва пайравӣ аз сабки ӯ муътариф аст» [2; 14].
Дар мақола роҷеъ ба баъзе аз вожаҳои ахлоқӣ ва тарбиявидоштае, ки Хоҷуи Кирмонӣ дар сурудаҳои хеш аз онҳо истифода намудааст, мавридӣ баррасӣ қарор дода шуд.
Вожаи «тавозуъ – бандагӣ», киаз решаи «вазъ» ба маънои фурӯ ниҳодан буда, муродифи он: «фурутанӣ, нармӣ, хорӣ, худро фурӯ ниҳодан, афтодагӣ, шикастанафсӣ” мебошад. Вожаи «тавозӯъ» ҳангоме ки ҳамчун як сифати ахлоқӣ истифода бурда мешавад, мафҳумаш ин аст, ки инсон худро пойинтар аз он чӣ мавқеи иҷтимоии ӯст, қарор диҳад. Дар байти зерин Хоҷуи Кирмонӣ ба ин маънӣ ишора намуда, мегӯяд:
Хоҷу ба ҷуз аз бандагии ҳазрати султон,
Коре нашнидем, ки аз дасти гадо хост [2;166].
Дар ин байт шоир вожаи “бандагӣ”-ро истифода намудааст, ки тасдиқкунанда барои тавозуъ буда, одатан дар баробари маъшуқ иттифоқ афтодааст. Чун шоир мегӯяд, ки ба ҷуз аз бандагӣ дар ҳузури ӯ, дигар коре аз дасти мо намеояд.
Дигаре аз макорими ахлоқӣ эътироф ба хато ва иштибоҳи худ мебошад. Табиист, ки ҳеҷ инсоне аз хато орӣ набуда, бо таъсири сабабу омилҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ муртакиби хато ва иштибоҳ мегардад. Аммо, муҳим ин аст, ки инсони оқил баъд аз пай бурдани хатову камбудиҳои хеш бар дурустии он исрор наварзида, дар дифои он набошад, балки, чун Хоҷуи Кирмонӣ ба иштибоҳи худ эътироф ва иқрор намуда, аз тарафи муқобил узрхоҳӣ кунад:
Хато гуфтам, магар султони ҳуснаш,
Бароте бар шаҳи Ховар навиштаст [2; 196].
Барот – хатти озодӣ, раҳмнома, ҳуҷҷате, ки дар асоси он пулу мол ба каси дигар мегузарад. 2. Номи шаби 15-уми моҳи шаъбон, ки шаби раҳмат ва мағфирати гуноҳон аст [6; 145].
Умедвор будан дар ҳар амал ва ё кор шахсро ба мақсад мерасонад. Инсон бо умеди ин ки талоши ӯ самарбахш гардад, фаъолият мекунад ва агар умед набуд ҳеч инсоне даст ба иқдоме намезад, чун: «Ҳар мавҷуди зинда ба умеди расидан ба мақсаду мароми хеш ҳаракат ва талош меварзад». Аз ин рӯ, инсоният ба ҳар коре ки даст мезанад аз самараи неки он умедвор бошад.
Вобаста ба умедвор будан дар амал ва ё талаби чизе Хоҷуи Кирмонӣ мефармояд:
Лек навмед нест ки оби ҳаёт,
Аз сиёҳӣ бурун тавон овард [2; 230].
Яъне, дастрасӣ ва пайдо кардани оби ҳаёт, ки мушкил аст, аммо шоир умедвор аст, ки оби ҳаётро метавонад аз зулмот (маконе, ки гӯё оби ҳаёт дар онҷо мавҷуд аст) мебарорад.
Дигаре аз вижагиҳои ахлоқӣ ин ҳифзи обрӯй мебошад. Вожаи «обрӯ (й)» дар луғат ба маънии «эътибор, иззат, шараф, некномӣ; номус» омадааст. Инсон аз азизтарин махлуқоти рӯи замин ба шумор рафта, шарофати инсонӣ низ дар обрӯю номуси ӯ мебошад ва ба хотири ин шарафу бузургӣ инсон ҷонишини Худованд дар рӯи замин маҳсуб гардида, Офаридгор фариштагонро амри ба Одам саҷда карданро дод ва нафаре, ки аз амри Худованд саркашӣ намуд, рондашудаи даргоҳи Илоҳӣ қарор гирифт, ки он ҳам бошад, яке аз фариштагони муқарраби даргоҳи Илоҳӣ, муаллими малоик – Азозил, ки ба номи “Шайтон” маъруф гардидааст, мебошад [5; 108].
Хоҷуи Кирмонӣ бар аҳамият ва ҳифзи обрӯ таъкид намуда, мегӯяд:
Гар обрӯи Нӯҳ дар хоки кавш металабанд,
Чу зулфи ёр қадди ошиқон чаро ба хам аст [2; 211].
Дӯстӣ – яъне «муносибати байни одамон, ки ба некхоҳӣ, наздикӣ ва умумияти манфиати тарафҳо асос ёфтааст, рафоқати самимӣ, ошноӣ, ҷӯрагӣ» буда, шахс бо ҷуз дӯст бо касе қасди муошират надорад [6; 486].
Аз ин рӯ, Хоҷуи Кирмонӣ суҳбати дӯстро аз панди дигарон боарзиштар дониста, мегӯяд:
Панд мадеҳ, то бишнидам ҳадиси дӯст,
Дар гӯши ман маҷол намодааст пандро [2; 156].
Яъне, чун сухан аз дӯст ба миён ояду суҳбати дӯст, панду насиҳати ту ба ман ҳеҷ маъно ва мафҳуме надорад.
Дигаре аз макорим ва шоистагиҳои ахлоқӣ «исор» мебошад. «Исор» он аст, ки: «Аз барои нафъи дигарон аз манфиати худ гузаштан; ато кардан, бахшидан» мебошад [6; 557].
Муҳаммадшафеи Саффорӣ «исор»-ро чунин шарҳ додааст: «Инсон аз барои нафъи дигарон аз манфиати худ гузаштан; ато кардан, бахшидан» мебошад. Ҳақиқати «исор» он бувад, ки: «Дар дӯстӣ ҳаққи дӯсти худ нигоҳ дошта, баҳра ва насиби хеш ба вай фурӯ гузорад ва он чӣ худ ба он муҳтоҷ аст ба дӯст бахшад ва ранҷ бар худ ниҳад». Инфоқи мол бар се рутубат аст: аввал сахо, дигар ҷуд ва се исор. Соҳиби сахо баъзе диҳад ва баъзе надиҳад, соҳиби ҷуд бештар диҳад ва қадри зарурати худро бигзорад, соҳиби исор ҳама бидиҳад ва худро ва иёлро ба Худо ва Расул супорад» [5; 86]. Инчунин, дар ривоятҳои фаровоне аз ин сифати писандида ба хубӣ ёд шудааст.
Байти зерини Хоҷу далолат бар исор аст, ки мегӯяд:
Ҷон бихоҳ аз мани бедил, ки равонат бидиҳам,
Ки ба ҷуз ҷон зи ман охир чи таманност туро [2; 155].
Аз ин байти шоир бар меояд, ки яке аз бахшандаҳои исор ҷонбозӣ дар муқобили маъшуқ буда, ошиқ он қадар ба маъшуқ ишқ варзад, ки ҳозир бошад дар роҳи ӯ чун Хоҷу аз ҷони худ бигзарад:
Афв ва бахшиш яке аз сифатҳои арзишманди инсонӣ буда, аз хусусиятҳои боризи ахлоқии як инсони комил ва писандида ба шумор рафта, сабру таҳаммули бузургро талаб мекунад. Бахшиш ва гузашт кардан баёнгари бузургии инсон мебошад. Бинобар ин, ҳар қадар ин сифат дар инсон бештар гардад обрӯю мартабаи он низ афзун гардад.
Хоҷу дар ин замина мегӯяд:
Бибахш бар мани мискин, к-аз худовандон,
Ҳамеша афв шавад содиру зи банда зунуб [2; 185].
Яъне, Хоҷу аз маъшуқ талаби бахшиш намуда, мегӯяд, ки аз бандагон гуноҳ содир мешавад ва аз бузургон бахшиш, пас ту ки сифати бузургӣ дорӣ мани мискинро бибахш.
Дигаре аз шоистаҳои ахлоқӣ «таҳаммулпазирӣ» буда, дар рафтор, гуфтор ва кирдори ҳар инсони комил ба назар мерасад.
Таҳаммул, яъне: «Тоб овардан ба сахтию душворӣ»; «тоқату бардошти фавқулода»; «таҳаммул доштан – сабр кардан, шикебо будан»; «таҳаммул кардан (намудан)- тоқат кардан, тоб овардан» мебошад [7; 325].
Ҷиҳати истодагарӣ кардан дар муқобили сахтиҳои зиндагӣ ва тоб овардан ба ҳар мушкилот дар осори гузаштагони классики мо таблиғу ташвиқи зиёд ба назар мерасад. Зеро мушкилоти зиндагӣ ҳамчун сайқал аст, ки ба оҳан ва фулод медиҳанд, ҳар чи бештар бо равони одамӣ бирасад ӯро ҷиддитар ва фаъолноку ботаҷриба мекунад. Чун хосияти зиндагӣ ин аст, ки шахс дар баробари сахтиҳои зиндагӣ муқовимат намуда, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ омодаи мубориза бо он мегардад. Ин аст, ки дар урфият мегӯянд: «Худованд вақте ки бандаеро дӯст бидорад ӯро дар шадоид ғарқ мекунад».
Хоҷуи Кирмоӣ низ таъкид мекунад, ки инсон бо таҳаммул кардан ба мақсуд мерасад:
Ҳар киро шавқи ҳарам бошад аз он нандешад,
Ки раҳи бодия аз хори мағелон хатар аст [2; 178].
Яъне, ҳар киро шавқи дидори Ҳарам бошад, дар роҳи расидан ба мақсуд таҳаммулпазир буда, аз сахтиҳои роҳи бодия ва хори мағелон наандешад.
Вожаи «таслим» ба маъниҳои «супурдан, гардан ниҳодан; тандиҳӣ ба фармони касе; сари таслим фикандан, итоат кардан» ва «ризо» ба маъниҳои «хушнудӣ, хурсандӣ, розигӣ, қаноатмандӣ» мебошанд.
Дар байти зер Хоҷу таслими худро ба маҳбубаш ва ризо шудан ба он ишора намуда мегӯяд:
Даст додем ба банди туву таслим шудем,
Чорае нест, чу дастам ба ту дар менашуд [2; 222].
Шоир дар ин байт ба маҳбубаш хитоб намуда, мегӯяд, ки даст ба банди ту додему таслим шудем ва аз мисраи дувум бар меояд, ки ин таслим шудани Хоҷу ба маҳбуб аз рӯи ночорӣ мебошад на аз рӯи ризоияти комил, чун дили шоир пойбану асири ишқи маҳбуб гардидааст ва ба ҷуз таслим шудан дигар чорае надорад.
Дигаре аз хусусиятҳои неки инсонӣ таваҷҷуҳ кардан ба ҳоли дигарон мебошад ва он яке аз зершохаҳои асосии меҳру муҳаббат ва утуфат ба шумор. буда, яке аз зершохаҳои меҳру утуфат мебошад. Зеро, инсон мавҷуди иҷтимоӣ буда, дар рӯзҳои сахтӣ (ранҷу дард, дафну азодорӣ ва ғайра) ва рӯзҳои шодӣ (рӯзҳои вилодат, тӯю ва ғайра) ба кумаки ҳамнавъонаш ниёз дошта, дар ҳама ҳолат дар иҳотаи онҳо қарор мегирад.
Хоҷуи Кирмонӣ ҷиҳати таваҷҷуҳ намудан ба ҳоли хастадилон таъкид намуда, мегӯяд:
Таваққуъ аст, ки аз ошиқони бедилу дин,
Назар дареғ надоранд моликони қулуб [2; 161].
Яъне, шоир аз моликони қулуб (соҳибони қалбҳо), ки мурод аз он маъшуқ мебошад, хоҳиш ва илтимос мекунад, ки ба ҳоли ошиқони хастадил таваҷҷуҳ намуда, нисбаташон меҳрубон ва ононро манзури назари хеш қарор диҳанд.
Сано дар луғат ба маъниҳои «мадҳ, таҳсин, ситоиш» буда, «сано гуфтан» яъне «таҳсингӯӣ, мадҳу сано гуфтан, ситоиш кардан; қадршиносӣ» буда, яке аз шоистаҳои ахлоқи инсонӣ ба шумор меравад [7; 205].
Аз мутолиаи осори гузаштагон, бахусус, адабиёти давраи асрҳои X-XIII маълум мегардад, ки мадҳу сано ва таҳсин гуфтан боиси пешравии кор ва дарёфти ризқу рӯзӣ ва афзоиши меҳру дӯстӣ гардидааст.
Илова бар ин, дар панду андарзи бузургон таъкидҳо шудааст, ки ҳар як инсонро бо сифатҳои некаш ёд кунед.
Дар байти зерини Хоҷу ба мафҳуми саногуӣ ишора шудааст:
Ба ҷуз санои ту набуд ҳамеша вирди забонам,
Ки ҳарзи бозӯи ҷонам ба ҷуз дуои ту набуд [2; 205].
Яъне, шоир таъкид бар он мекнад, ки пайваста вирди забонаш санои маҳбуб аст ва дуояш ба ҷуз дуо дар ҳаққи маҳбуб нест.
“Ҳаё” дар луғат ба маънии «шармсорӣ, «хиҷолат» буда, дар истилоҳ «худдории нафс аст аз зиштиҳо» мебошад [7; 478].
Ҳаё аз ҷумлаи мавзуъҳои ахлоқӣ буда, дар андарзҳои бузургон ба ҳифзи он таъкидҳо шудааст,
Вожаи ҳаё дар ашъори Хоҷуи Кирмонӣ маънии шармсориро дорад на маънии беҳаёӣ ё беҳаё буданро, ки байти зер далили ин гуфтаҳост:
Гар ба хаёли рӯи ӯ дар рухи маҳ назар кунам,
Мардуми чашмам аз ҳаё об кунад саҳобро [2; 157].
Яъне, шоир ба маҳбубаш хитоб карда мегӯяд, ки агар бо ёди ту ба моҳ нигарам, мардумаки чашмам абрро аз ҳаё об мекунад.
Ин аст, ки Хоҷу шакархандаи маъшуқро ба мисли муъҷизаи Исо ҷонбахш дониста, мегӯяд:
Ба шакарханда дар эҳёи дили хастадилон,
Лаби ҷонбахши ту эҷози Масиҳо бинамуд [2; 220].
Яъне, лабони табассуми маҳбуб чун муҷизаи Исои Масеҳ ба дили хастадилон ҳаёти нав бахшид.
Хор ва таҳқир накардани касе аз хислатҳои ҷавонмардонаи ҳар як нафар ба шумор меравад. Оид ба ин хислати хуби инсонӣ дар тамоми осори классики форсу тоҷик панду андарз гуфта шудааст. Дар таълимоти ҳамаи динҳо, аз ҷумла, дини ислом ба ҳифзи иззат ва обурӯ таъкидҳо шудааст ва онро барозандаи инсон медонад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба пайравони роҳи худ иҷоза намедиҳад, ки иззат ва каромати худро аз даст дода, зиллату хориро бипазирад. Хоҷу вобаста ба хор надоштани ашкаш, ки баҳри маъшуқ рехта нашудааст, таъкид намуда, мегӯяд:
Ашки хунини маро к-ӯст ҷигаргӯшаи дил,
З-ин сифат хор мадоред, ки асли гуҳар аст [2;178].
Шоир дар таъкид мекунад, ки ҳар қатра ашки ӯ, ки барои маъшуқ рехта шудааст аз дили хунини ӯ баромада, монанди гавҳар боарзиш мебошад, бояд хор дошта нашавад.
Ихлос дар ният ва амал як омили муҳим дар растагории инсон мебошад ва роҳро барои расидан ба мақсад осон менамояд. Инсон бояд ҳар аъмолеро, ки анҷом медиҳад ва дар ҳар рафтор ва гуфторе, ки аз худ нишон медиҳад пеш аз ҳама нияти холис дошта бошад, чун ҳар як кор вобаста ба ният мебошад, вагарна ҳамрадифи афроди риёкор қарор мегирад.
Хоҷуи Кирмонӣ вобаста ба нияти холис мегӯяд:
Маҳмудро расад, ки занад кӯси салтанат,
К-аз салтанад муроди дилаш ҷуз Аёз нест [2;184].
Шоир дар ин байт мушаххас намудааст, ки муроди дил дар анҷоми кор муҳим аст ва муроди дил ҳамон нияти холиса мебошад.
Ростгӯӣ ва росткорӣ яъне садоқат дар гуфтор, рафтор ва пиндор буда, аз шоистаҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад, ки дар созандагии инсон нақши босазое дорад. Бузургони ҳар қавму миллат оид ба фазилати ростгӯиву росткорӣ андарзҳо гуфта, инсониятро ба он роҳнамоӣ намудаанд.
ХоҷуКирмонӣ низ ба ростиву росгӯӣ ишора намуда, мегӯяд:
Ҳамчун болот бигӯям сухане рост ба ту,
Ростиро чи балоест, ки болост туро [2; 155].
Сукут ба маънии «хомӯшӣ, сухан нагуфтан» мебошад. Дар баъзе маврид сукут метавонад омили боздоранда аз иттифоқҳои ногувор ва ҳатто гуноҳон мегардад, чунончи дар урфият мегӯянд, ки забони сурх сари сабзро диҳад бар бод. Аз ин рӯ, баъзе аз донишмандон сукут ва хомӯширо аз сухан гуфтан беҳтар дониста, ба хомӯшиву сукут таблиғ мекунанд.
Хоҷуи Кирмонӣ низ ба сукут тавсия намуда, мегӯяд:
Забони савсани озод бин, ки ҳаст дароз,
Валек, бархе озодае, ки хомӯш аст [2;174].
Салом додан нахуст калимаи эҳтиромӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ буда, аз бузургтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи таълимоти динӣ вобаста ба салом додан ва фазилату фавоиди он ваъдаҳои нек ва барои риоя накардани одоби он ваъидҳо омадааст. Бинобар ин, ҳар як шахс новобаста аз қавмияти нажодӣ ва динӣ дар вохӯрӣ ва муносибати худ бо нафари дигар пеш аз ҳама аз салом истифода мебарад, ки ин боиси афзоиши муҳаббат байни ҳамдигар мегардад.
Инчунин, дар осори назмиву насрии донишмандони форсу тоҷик доир ба салом ва салом гуфтан ишораҳо шудааст, ки байти зерини Хоҷуи Кирмонӣ далели ин гуфтаҳост.
Сабо гар бигзарӣ рӯзе ба кӯяш,
Бигӯ Хоҷу саломат мерасонад [2; 217].
Шоир аз боди сабо хоҳиш меукунад, ки чун ба манзили дӯст гузар кунад, ҳатман салому дуруди ӯро расонад.
Дигаре аз макорими ахлоқӣ “сабр” мебошад. Вожаи “сабр” ба маъниҳои “бурдборӣ”, “бардошт”, “тоқат”мебошад [6; 186]. Манзур аз «сабр» ҳамон истиқомат дар баробари мушкилот ва ҳаводиси гуногун буда, нуқтаи муқобили он «бесабрӣ», яъне аз даст додани муқовимат ва таслим шудан дар баробари мушкилот аст.
Инчунин, дар осори адабии назмиву насрӣ ва шифоҳии форсу тоҷик низ оид ба сабр, сабурӣ ва манфиати он ишораҳо шудааст. Аз ҷумла, Хоҷуи Кирмонӣ ба сабр ишора намуда, мегӯяд:
Бирав Хоҷу сабурӣ кун, ки аз сабр,
Давои дарди ҳиҷрон метавон ёфт [2;172].
Яъне, шоир ба сабур будан даъват менамояд чун ба қавли ӯ сабр метавонад давои дарди ҳиҷрони маъшуқ бошад.
Садоқат ва ростгӯӣ аз бузургтарин шоистаҳои ахлоқӣ аст, ки дар эҷодиёти назмиву насрии шоирону нависандагони адабиёти классикӣ ва муосир оид ба ин хислати ҳамидаи инсонӣ таблиғ ва ташвиқҳо шудааст. Аз ҷумла, Хоҷуи Кирмонӣ ба садоқат ва вафодории худ ишора намуда, мегӯяд:
Бо ту яктост ҳануз ин дили шӯридаи ман,
Чун сари зулфи кажат қоматам аз он ки дутост [2; 224].
Шоир дар ин байт баён медорад, ки гар чӣ қоматаш мисли сари зулфи ёр дуто шуда бошад ҳам, киноя аз пир шудан, аммо баъд аз гузашти солиёни дароз низ дилаш бо маъшуқ яктост, ки ин нишони садоқат мебошад.
Ибрат калимаест, ки дар қаламрави тарбият корбурди густурдае дорад. Ҳамаи таълимоти динӣ ва мактабҳои тарбиятӣ пайравон ва шогирдони худро ба дарсомӯзӣ ва ибратгирӣ аз саргузашти пешиниён ва муқоисаи мавқеияти худ бо онон даъват мекунад. Вожаи ибрат яъне панд, сабақе, ки аз мушоҳидаи аҳволи нек ё бади дигарон гирифта мешавад, қиёс аз чизе барои кардан ё накардани он; дарси ибрат он чи ки кас аз мушоҳидаи ҳоли дигарон барои худ сармашқ қарор медиҳад [6; 533].
Вобаста ба ибрат ва ибратпазирӣ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ панду андарзҳои зиёде аст. Хоҷи Кирмонӣ низ ба ибратпазирӣ ишора намуда, мегӯяд: Хоҷу бирав ба чашми тааммул нигоҳ кун,
Бар аҳли дил, ки гӯшаи узулат гузидаанд [2; 222].
Дар ин байт манзур аз ба чашми тааммул нигаристани Хоҷу, ҳамон ба дидаи ибрат нигаристан аст. Яъне, шоир хитоб мекунад, ки бо чашми тааммул ба аҳволи аҳли дил, яъне орифон назар кун ва аз гӯшанишиниро интихоб кардани онҳо ибрат гирад.
Дигаре аз масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, ки дар эҷодиёти гузаштагон таъкидҳо шуда, бузургони ҳар ҳавму миллат пайравони худро ба он таблиғ ва ташвиқ намудаанд, масъалаи меҳру муҳаббат мебошад. Масъалаи меҳру муҳаббат ва улуфату меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар дар эҷодиёти манзум ва мансури адибони гузаштаи мо мавриди таъкиди фаровони қарор гирифтааст.
.
Масалан, дар байти зер Хоҷуи Кирмонӣ ба ишқ доштан таъкид намуда, мегӯяд:
Ҳар ки ӯро заррае бо моҳрӯён меҳр нест,
Бар чуни оммӣ фазилат мениҳанд анъомро [2;154].
Яъне, шоир муътақид бар он аст, ки касе гар ишқ надорад ва дарки ишқро намекунад, чорпоён аз ӯ бартаранд.
Дигаре аз макорими ахлоқӣ ва сифати ҷавонмардӣ ин вафодор будан дар гуфтору кирдор ва рафтор мебошад. Вожаи «вафодорӣ» ба маъниҳои «содиқ ва устувор будан дар муҳаббат ва дӯстӣ», «бовафоӣ», «садоқат», «ҳақшиносӣ» «қадршиносӣ», «сипосгузорӣ» «вафодорӣ кардан, вафодорӣ нишон додан» мебошад [6; 270].
Вафодорӣ ва вафодор будан замоне иттифоқ меафтад, ки барои анҷоми ин кор ризоияти қалбӣ ҳам вуҷуд дошта бошад. Дуруст аст, ки касе дорои чунин хислатҳои наҷиб бошад, дорои оромиши дарунӣ буда, пойбанди масоили ахлоқӣ мегардад ва кору рафторҳояшро бо оромиш ва ризоияти қалбӣ амалӣ мегардонад. Масалан, агар бо касе оид ба анҷоми коре аҳде баст ва созишеро имзо кард, ҳам дуруст ва ҳам ба мавқеъ ва сари вақт анҷомаш медиҳад.
Вафодорӣ дар шеъри тамоми шоирони классики мо бараъло мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, қиссаҳои Лайлӣ ва Маҷнун, Юсуф ва Зулайхо, Хусрав ва Ширин, Ҳотами Той, Самаки айёр ва ғайраҳо, ки баёнгари таблиғи вафодорӣ мебошанд ва албатта вафодорӣ дар асарҳои мазкур бештар дар байни ошиқ ва маъшуқ иттифоқ меафтад, ки байти зер аз Хоҷуи Кирмонӣ нозир ба ин маънӣ мебошад:
Ман на онам, ки зи кӯяш ба ҷафо баргардам,
Гар биронад зи дар, он ҳури паризод маро [2;155].
Яъне, вафодории шоир ба ҳадде мерасад, ки агар тарафи муқобил ҷафокор ҳам бошад ва ӯро биронад ҳам боз ҳамчун шахси вафодор бар сари паймони худ мемонад.
Хулоса, шоири тавонои асри XIV Хоҷуи Кирмонӣ донишманд ва адиби намоёни ин аҳд бо ашъори пурбори худ тавонист муҳтавиёти ахлоқи ҳамидаи инсониро дар ашъори худ мавриди назар қарор дода, онро бо равишҳои гуногун дар сухани худ ҷой диҳад. Агар мо ба ашъори шоирон назар андозем, баҳси шоирон доир ба мавзуъҳои гуногуни илмӣ бепоён боқӣ мемонад, вале сувари хаёл ва маъниофаринии Хоҷуи Кирмонӣ ниҳоят баланд ва арзишманд буда, бо як маҳорати баланди шоирона, тавонистааст пеш аз ҳама мавқеи шоистаҳои ахлоқиро чӣ дар ашъори ирфонӣ ва чи дар дигар навъи шеърӣ нишон дода, андешаҳои худро бо он исбот намояд.
Мутаассифона, дар қаламрави форсизабонони муосир, бахусус, дар Тоҷикистон, ба ин шоири рангинхаёл ва ғазалсарои мумтоз кам ошно буда, таҳқиқоти ҷиддие ба осори ӯ, ки таваҷҷӯҳи шоён ва лоиқи шаъни вай бошад, рӯйи кор наомадааст.
Нуктаи дигареро дар ин маврид бояд хотирнишон кард, ки мақоми шоистаҳои ахлоқӣ ва риояи он на танҳо дар ашъори ирфонии Хоҷу, балки дар тамоми анвои шеърии ӯ мақоми назаррасе дошта, ба таври васеъ баён шудааст. Хоҷуи Кирмонӣ баҳри расонидани мақсади хеш аз тамоми имконот истифода намуда, кӯшидааст, то дар камтарин сухан бештари маъниро биёварад. Хоҷу дар ашъори худ вожаҳои шоистаи ахлоқиро бо тарз ва шеваҳои гуногун баён сохта, дар шеъри худ онҳоро таҳлил ва таблиғ намудааст. Аз ин рӯ, баррасии ҷанбаҳои ахлоқӣ дар ашъори Хоҷуи Кирмонӣ хонандаро дар дарки амиқтари шеъри шоир кумак ва роҳнамоӣ мекунад.
Китобнома
- Авасто. Ҷилди 1. – Душанбе: “Бухоро”, 2014.-784 с.
- Куллиёти ашъори Хоҷуи Кирмонӣ / Бо эҳтимом ва тасҳеҳи Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ. – Теҳрон: 1391. – 728 с.
- Нафисӣ, Саид. Нахлбанди шуаро. Аҳвол ва мунтахаби ашъори Хоҷуи Кирмонӣ / С. Нафисӣ. – Теҳрон: Ховар – 1307. – 96 с.
- Нуъмонӣ, Шибли. Шеъру-л-Аҷам ё таърихи шуъаро ва адабиёти Эрон / Шиблии Нуъмонӣ. Аз забони урду тарҷумаи Саййидмуҳаммадтақии Фахри Доъии Гелонӣ. Таҳияи Абдухолиқи Набавӣ. Ҷилди 2, Душанбе – 2015, 333 с,
- Саффорӣ, Муҳаммадшафеъ. Фарҳанги луғот ва таъбироти маснавиҳои Саноӣ (Ҳадиқа, Сияр-ул-ибод, Корномаи Балх) / М. Саффорӣ. – Эрон: интишороти Донишгоҳи байналмилалии имом Ҳумайнӣ, 1378. – 806 с.
- Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ / Зери таҳрии С. Назарзода (раис), А. Сангинов, С. Каримов, М.Ҳ. Султон. Ҷилди 1, Душанбе-2008, 905 с.
- Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ / Зери таҳрии С. Назарзода (раис), А. Сангинов, С. Каримов, М.Ҳ. Султон. Ҷилди 2, Душанбе-2008, 944 с.
- Ҳодизода, Р. Таърихи адабиёти тоҷик дар асрҳои 12-14. Р. Ҳодизода, -Душанбе: “Дониш” – 1975, 344 с.
- http://www.litsovet.ru/index.php/material.
- [https://khaledalsabt.com/explanations.
- [https://www.alkhaleej.ae.
- [https://www.islamweb.net/ar/article.
Сатторов Амирҳазма Баҳодурович – сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва ҳуқуқи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(аспиранти кафедраи назария ва таърихи адабиёти донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода)



