Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор ба таваҷҷуҳи донишмандону муҳаққиқон ва устодону унвонҷӯёни муассисаҳои илмии кишвар мерасонад, ки моҳи майи соли 2026 баргузории Симпозиуми байналмилалии “Хутали қадим-пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ” ба нақша гирифтааст.
Вобаста ба ин, алоқамандони илмҳои бостоншиносӣ, мероси хаттӣ, фарҳангшиносӣ ва меъмории суннатӣ метавонанд мақолаҳои илмии худро дар доираи талаботи илмӣ ба Агентӣ пешниҳод намоянд.
Барои маълумоти бештар метавонед бо рақамҳои зерин дар тамос шавед:
992-901-07-37-55, 227-80-59, 227-80-45
E-mail: amirhamza-1983@mail.ru



