ТАҶЛЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ОСОРХОНА

 Дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ҷашни бостонии Сада таҷлил карда шуд.

Иброз гардид, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид.

Ин рӯйдод далели эътирофи байналмилалии фарҳанги куҳан ва тамаддуни ғании миллати тоҷик мебошад. Таъкид гардид, ки ҷашни  Сада дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик буда, реша дар таърихи ҳазорсолаи ниёгон дорад. Ин ҷашн бо афрӯхтани гулхан, арҷгузорӣ ба гармӣ, рӯшноӣ ва неруи ҳаёт пайванди зич дошта, рамзи анҷоми сардиҳои зимистон ва оғози бедории табиат маҳсуб мешавад.

Ин аст, ки ҷашни Сада ҳамчун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз мардумро ба шукргузорӣ аз неъматҳои табиат, омодагӣ ба фасли баҳор ва фаъолияти созанда ҳидоят менамояд. Ин ҷашн таҷассуми ҷаҳонбинии ниёгон ва ҳамоҳангии инсон бо муҳити зист мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top