Маҷмааи Ҳазрати Шоҳ иборат аз мақбара ва масҷид дар маркази деҳаи Чоркӯҳ ҷой гирифтааст. Ёдгорӣ бахусус ба боқимондаҳои сақфи чубини мақбара машҳур мебошад, ки дар онҳо услуби кандакориҳои пеш аз исломӣ ва катибаҳои куфии исломи ибтидоӣ, наққошиҳои махлуқотии ориёӣ баръало дида мешаванд. Тибқи таҳқиқҳо сақфи чубини ҳоло тармимгашта мансуби асрҳои X-XI буда, қадимтарини осори чубин дар Осиёи Марказӣ мебошад.



