Бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.
Ин тадбир ҳамзамон дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалии «Хуттали Қадим-пойгоҳи зуҳури забони форсӣ-тоҷикӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара дар ҳудуди Пойгоҳи навтаъсиси бостоншиносии Тегузаки ноҳияи Данғара 200 бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд.
Ба иттилои манбаъ, корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди дигар ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ идома ёфта, то арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва қабули меҳмонон идома меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Давоми панҷ соли охир аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд».
-То рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳали зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад,-иброз доштанд Президенти мамлакат.



