ЗАРУРАТ ВА АҲАМИЯТИ ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Президенти Ҳумҳурии Тоҳикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаласаи умумиҳумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳои миллӣ ва анъанаву маросим ҳои динӣ суханронӣ намуда, оиди зарурат ва аҳамияти Қонуни мазкур хулосаҳои худро пешниҳод намуда, мардуми ҳумҳуриро бо роҳи рост ва худдорӣ кардан аз ҳар гунна сарфу хароҳоти беҳуда ҳангоми гузаронидани маъракаҳо ҳидоят намудааст.

          Баъзе аз мардумони Тоҳикистон бо сабаби зоҳирпарнастӣ бе асос ва дар иҳрои маросимҳо ва маъракаҳо пойбанди таассубу хуруфот будани худ ба амалҳое даст мезананд,ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад, рафтори бисёр оилаҳо хоҳ доро бошад хоҳ нодор, мақоли халқии «Бо сӯзан ҳамъ кардану бо шоха ба бод додан»-ро мемонад.

Расму ойинҳои мардумии мо асосан дар доираи ду тамаддуни таърихӣ- ориёӣ ва исломӣ ташаккул ёфтаанд.

          Аксари маросимҳо бо мурури замон ва таҳти таъсири омилҳои гуногун ба таѓйироти шакливу маъногӣ дучор шуда,бештар моҳияти зиёфат ва таъом додану таъом хӯрданро ба худ гирифтаанд ва онҳо имрӯз аслу мақсади асосиашогнро то андозае гум кардаанд.

          Чуноне,ки мебинем, маҳз ҳамин омил ҳаҳонбиниӣ ва маърифати мардуми Тоҳикистонро таҳти таъсир қарор дода, боиси зоҳирпарастӣ ва исрофкории аз ҳад зиёд шудаистодааст, ки ин садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

          Имрӯзҳо зарурате пайдо шудааст, ки расму ойинҳоро аз хуруфоту таассуби барои ояндаи ҳамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҳтимоӣ ва фарҳангии миллати тоҳик танзим намуда, муҳимтарини онҳоро ҳифз карда, ҳамаҳониба инкишоф диҳем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем.

          Вазъи имрӯзаи гузаронидани маросимҳои хурсандиву мотам бисёр ташвишовар шудааст, яъне густариш ёфтани зоҳирпарастӣ, паст будани маърифати динии шаҳрвандон, бисёр расму ойинҳои миллӣ ва тамоюлҳои динӣ,ки дар доираи як хонавода ва наздикони он сурат гирад, ба маъракаҳои  пур- дабдабаву серхароҳот табдил гардидаанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки барои аксари одамон риояи чунин маросимхо нишони мусулмон будан арзёбӣ мегардад, вале олимон ва мутахассисон собит кардаанд, ки баъзе аз мусулмонони кишвари мо бештар хусусиятхои маросимиву маиширо касб намуда, арзишхои эътикодиву ибодатиро ба навбати дуюм гузоштаанд ва ин чунин маъни дорад, ки аксари мардуми Точикистон ба масъалаи щинохти бояду шояди усули дин, донистани хусусиятхои дини Ислом камтар таваччӯх доранд.

Тоирзода Аслиддин – аъзои комиссияи ҷамъиятӣ вобаста ба қонуни танзим дар Агентӣ

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top