Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди бостонӣ ва зебои Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик менамоям!Бигзор Наврӯзи хуҷаста ба ҳар як хонадони Шумо файзу баракат, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбиҳои нав оварад. Орзу дорам, ки дар кишвари азизамон ҳамеша сулҳу субот пойдор бошад ва ҳар рӯзатон мисли Наврӯз пур аз шодиву нишот гардад Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо саломатии бардавом, рӯҳу илҳоми тоза, комёбиҳои назаррас дар фаъолияти касбӣ ва пешрафту шукуфои орзу менамоям. Бигзор фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва дастгирӣ дар миёни ҳайати кормандон ҳамеша пойдор бошад.
Наврӯзи оламафрӯз муборак бод!
Аз омадани Наврӯз ҷаҳон зинда шавад
Ҳар дил зи ғами куҳна дигар канда шавад.
Ин иди куҳан рамзи умеди фардост,
Бо ӯ ҳама рӯзгор фархунда шавад.



