ҲИФЗИ ВОЖАҲОИ АХЛОҚӢ ВА ИСТИФОДАВУ КОРБУРДИ ОНҲО ДАР АШЪОРИ ХОҶУИ КИРМОНӢ

СОХРАНЕНИЕ НРАВСТВЕННЫХ ПОНЯТИЙ И ИХ ИСПОЛЬЗОВАНИЕ В ПОЭЗИИ ХОДЖУИ КИРМОНИ

PRESERVATION OF MORAL TERMS AND THEIR USAGE IN THE POETRY OF KHOJUI KIRMONI

САТТОРОВ АМИРЊАМЗА БАЊОДУРОВИЧмудри шуъбаи экспертиза ва фењристнигорї. ТЕЛ: +992 901073755. E-MAIL- Amirhamza-1983@mail.ru

САТТОРОВ АМИРДЖАМЗА БАЪОДУРОВИЧ- руководитель отдела экспертизы и каталогизации. Телефон: +992 901073755. E-MAIL- Amirhamza-1983@mail.ru

SATTOROV AMIRJAMZA BAHODUROVICH– Head of the Expertise and Cataloguing Department. Phone: +992 901073755. E-MAIL- Amirhamza-1983@mail.ru

Анотатсия: Дар мақола масъалаи ҳифз ва истифодаи вожаҳои ахлоқӣ дар ашъори Хоҷуи Кирмонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Хоҷуи Кирмонӣ (Камолиддин Абулато Маҳмуд ибни Алӣ, 1281–1352) аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик ва давомдиҳандаи анъанаҳои Низомии Ганҷавӣ ба шумор меравад. Ашъори ӯ, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш маъруф буд, ахлоқ, ишқ ва суннатҳои адабӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Мақола нишон медиҳад, ки ашъори Хоҷу барои омӯзиши арзишҳои ахлоқӣ ва истифодаи онҳо дар ҷомеаи имрӯз ҳам аҳамияти калон дорад, инчунин таъсири ӯ ба шоирони минбаъда, аз ҷумла Ҳофизи Шерозӣ, баррасӣ шудааст.

Калимаҳои калидӣ: Хоҷуи Кирмонӣ, ашъор, ахлоқ, ғазал, мероси адабӣ, арзишҳои ахлоқӣ.

Аннотация: В статье рассматривается сохранение и использование нравственных терминов в поэзии Ходжуи Кирмони. Ходжуи Кирмони (Камолиддин Абулато Махмуд ибн Али, 1281–1352) является одним из выдающихся персидско-таджикских поэтов и продолжателем традиций Низами Гянджеви. Его поэзия, уже известная при жизни, охватывает мораль, любовь и литературные традиции. В статье подчеркивается, что творчество Ходжуи имеет важное значение для изучения нравственных ценностей и их применения в современном обществе, а также рассматривается влияние поэта на последующих авторов, в частности Хафиза Ширази.

Ключевые слова: Ходжуи Кирмони, поэзия, нравственность, газель, литературное наследие, нравственные ценности.

Abstract: The article analyzes the preservation and use of moral terms in the poetry of Khojui Kirmoni. Khojui Kirmoni (Kamoliddin Abulato Mahmud ibn Ali, 1281–1352) is one of the prominent Persian-Tajik poets and a continuator of Nizami Ganjavi’s literary traditions. His poetry, which was already famous during his lifetime, encompasses morality, love, and literary conventions. The study demonstrates that Khojui’s work remains significant for understanding moral values and their application in modern society, and also discusses his influence on later poets, including Hafez of Shiraz.

Keywords: Khojui Kirmoni, poetry, morality, ghazal, literary heritage, moral values.

Дар асарҳои адабии шоирону нависандагони мо ганҷинаҳои нодире нуҳуфтааст, ки ҳар кадоми онҳо ќобили пажўҳиш ва таҳќиќ мебошанд, ки яке аз он ганҷинаҳои нодир баррасии вожаҳои ахлоќӣ дар эҷодиёти онҳо мебошад. Он вожаҳои ахлоќие, ки амалӣ намудани он ба ҷомеа, бахусус, ҷомеаи имрўза зарур мебошанд, дар асрҳои гузашта шоирону адибони мо дар осори пурарзиши худ ба онҳо ишора намудаанд, ки бо омилу сабабҳои гуногун тули асрҳо нуҳуфта монданд. Баъди ба даст овардани Истиќлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омўзиши асарҳои шоирону адибони классик таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Бо дастгирӣ ва супориши бевоситаи Сарвари давлат осори гузаштагон ба хатти имрўза – кириллӣ тарҷума ва баргардон шуда, дастраси омма гардонида шуд, ки ҳар шахс метавонад аз онҳо озодона мутолиа ва истифода намояд. Аз ин рў, аҳли хирадро зарур мебошад, ки ҷиҳати ҳифз ва ба насли оянда пешниҳод намудани ганҷинаҳои нуҳуфтаи адабии ниёконамонро, ки як мероси бою арзишманди ғайримоддии ин миллати куҳанбунёд ба шумор меравад,  мавриди омўзиш ва пажўҳиш ќарор дода, барои огоҳӣ пайдо намудани насли имрӯза ба ҷомеа пешниҳод намоянд.

Аз ин рў, тасмим гирифта шуд, ки дар маќола вожаҳои ахлоқӣ, ки ҳифзу истифодаи он имрӯз барои ҳар як нафари мо ҳатмӣ мебошад, аз ғазалиёти Хоҷуи Кирмонӣ мавриди баррасӣ ќарор дода шавад. Хоҷуи Кирмонӣ – Камолиддин Абулато Маҳмуд ибни Алӣ, ки бо номи «Хоҷуи Кирмонӣ» машҳур буда, соли 1281 дар шаҳри Кирмон ба дунё омадааст. Ў ба бисёр шаҳрҳо сафар карда, дар охир дар шаҳри Шероз рахти иќомат мегузинад ва то охири умр дар ин шаҳр ҳаёт ба сар буда, соли 1352 аз олам мегузарад, ки марќади ў дар тали Танги Шероз буда, Оллоҳу Акбар ном дорад.

Дар таърихи адаби форсу тоҷик Хоҷу, пас аз Хусрави Деҳлавӣ, дуюмин сарояндаи достонҳои ишќӣ, ахлоќӣ ва давомдиҳандаи суннатҳои Низомии Ганҷавӣ ба шумор меравад.

Ашъори Хоҷу ҳанӯз дар замони зиндагиаш машҳур буда, ҳатто Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бузургтарин шоирони ғазалсаро эътироф гардидааст, худро шогирди Хоҷу дониста, эҳтиром ва алоќамандии худро нисбат ба ҳунару истеъдоди Хоҷу баён намуда, мегўяд:

Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо

Дорад ғазали Ҳофиз тарзу равиши Хоҷу [4; 233].

Бо вуҷуди ин ҳама оид ба шинохти Хоҷуи Кирмонӣ то ҳол ба таври бояду шояд таҳќиќоти судманде анҷом дода нашудааст. Ин буд, ки донишманди бузурги Эрон Саид Нафисӣ бо афсўс менависад: «Шоири бузурги ќарни ҳаштум бо он ҳама шуҳрате, ки аз панҷсад сол пеш то кунун ҳамвора дар Эрон ва мамолики порсизабон доштааст, дар ин ваќт шўрбахттар аз дигарон буда ва аз куллиёти ў ки шомили чанд китоб ва беш аз бисту ҳафт ҳазор шеър аст, танҳо китобе, ки ба табъ расида буд, маснавии «Ҳумою Ҳумоюн»-и ўст» [3; 23].

Ќайд кардан ба маврид мебошад, ки яке аз муҳимтарин омўзишҳои динии тамоми адён таваҷҷўҳ ба ахлоќ ва риояи усули ахлоќӣ мебошад. Масалан, назар ба дини Зардушт кунем мебинем, ки асоси пояи динии ў ба «андешаи нек», «гуфтори нек» ва «кирдори нек» асос ёфта, нахсут масъалаи дарҷгардида, ахлоќ мебошад.  Аз ин бар меояд, ки масъалаҳои ахлоќӣ ва маънавӣ хоси як ќавм, миллат ва дин набуда, ҷавҳари асосии ҳар як ќавму миллат ва дин маҳсуб меёбанд. Бузургони мо низ дар осори хеш чӣ ба тариќи назм бошад ва чӣ ба тариќи наср ба масъалаҳои ахлоќӣ ишора ва таъкидҳо намудаанд, ки намунаи онҳо то имрўз мавриди истифодаи оламиён ќарор дорад. Аз ҷумла, андарзи устоди ғазал – Саъдии бузург:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд….

ки дар даромадгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳарфҳои зарин насб гардидааст, далели ин гуфтаҳо мебошад [9].

Он чи дар мавриди «ахлоќ» гуфта мешавад, ин аст, ки: «Ахлоќ- ҷамъи вожаи «хулќ» буда, сифатеро гўянд, ки дар нафси инсон русух дорад ва муҷиби он мешавад, ки афъоли мутаносиб бо он бидуни ниёз ба тафаккур ва таъаммул аз ў содир шавад. Хулќ ҳамон малака аст, ки дар муќобили ҳол ќарор дорад». Ибни Мискавайҳи мегўяд: «Хулќ ҳамон ҳолати нафсонӣ  аст, ки инсонро ба анҷоми корҳое даъват мекунад, бе он ки ниёз ба тафаккур ва андеша дошта бошад» [5; 233].

Чунон ки маълум аст, бештар вожа ва ибораҳои ахлоќӣ, ки барои риояи онҳо дар ҳаёти рўзмарра дар осор ва ганҷинаҳои адабии ниёконамон ишора ва таъкидҳо шуда, мавќеи хосро ишғол мекунанд, решаи арабӣ дошта, аксар мардуми омма мазмуни онро дарк намекунанд. Аз ин рў, баррасӣ ва шарҳу баёни вожаҳои ахлоқӣ бо оврадани мисолҳо аз ашъори шоир ва ғазалсарои асри XIV – Хоҷуи Кирмонӣ аз як су, ба дарки вожаҳои ахлоќӣ мусоидат кунанд, аз сўи дигар каме ҳам бошад, ба шинохти ин шоири бузург ва хамсасарой, ки бо унвони “Нахлбанди шуаро” машҳур мебошад, ошноӣ пайдо мекунанд. Чун, Хоҷуи Кирмонӣ аз зумраи он шоирони орифе мебошад, ки ашъори ў саршор аз панду ахлоќ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, тули асрҳо марҳами дўсторони илму адаб ќарор дошт. Ин буд, ки доктор Забеҳуллоҳи Сафо истеъдоди баланди ғазалсароии Хоҷуро эътироф намуда, навиштааст: «…Дар ғазал ва маснавӣ соҳиби дасти қавӣ буда ва хусусан дар овардани мазомини ирфонӣ дар ғазал чирадаст ва дар ин роҳ пешвои Ҳофиз аст ва Ҳофиз худ ба тақаддуми вай дар ин ҷониб ва пайравӣ аз сабки ӯ муътариф аст» [2; 14].

Дар маќола роҷеъ ба баъзе аз вожаҳои ахлоќӣ ва тарбиявидоштае, ки Хоҷуи Кирмонӣ дар сурудаҳои хеш аз онҳо истифода намудааст, мавридӣ баррасӣ ќарор дода шуд.

Вожаи «тавозуъ – бандагӣ», киаз решаи «вазъ» ба маънои фурў ниҳодан буда, муродифи он: «фурутанӣ, нармӣ, хорӣ, худро фурў ниҳодан, афтодагӣ, шикастанафсӣ” мебошад. Вожаи «тавозўъ» ҳангоме ки ҳамчун як сифати ахлоќӣ истифода бурда мешавад, мафҳумаш ин аст, ки инсон худро пойинтар аз он чӣ мавќеи иҷтимоии ўст, ќарор диҳад. Дар байти зерин Хоҷуи Кирмонӣ ба ин маънӣ ишора намуда, мегўяд:

Хоҷу ба ҷуз аз бандагии ҳазрати султон,

Коре нашнидем, ки аз дасти гадо хост [2;166].

Дар ин байт шоир вожаи “бандагӣ”-ро истифода намудааст, ки тасдиќкунанда барои тавозуъ буда, одатан дар баробари маъшуќ иттифоќ афтодааст. Чун шоир мегўяд, ки ба ҷуз аз бандагӣ дар ҳузури ў, дигар коре аз дасти мо намеояд.

Дигаре аз макорими ахлоќӣ эътироф ба хато ва иштибоҳи худ мебошад. Табиист, ки ҳеҷ инсоне аз хато орӣ набуда, бо таъсири сабабу омилҳои гуногуни иќтисодиву иҷтимоӣ муртакиби хато ва иштибоҳ мегардад. Аммо, муҳим ин аст, ки инсони оќил баъд аз пай бурдани хатову камбудиҳои хеш бар дурустии он исрор наварзида, дар дифои он набошад, балки, чун Хоҷуи Кирмонӣ ба иштибоҳи худ эътироф ва иќрор намуда, аз тарафи муќобил узрхоҳӣ кунад:

Хато гуфтам, магар султони ҳуснаш,

Бароте бар шаҳи Ховар навиштаст [2; 196].

Барот – хатти озодӣ, раҳмнома, ҳуҷҷате, ки дар асоси он пулу мол ба каси дигар мегузарад. 2. Номи шаби 15-уми моҳи шаъбон, ки шаби раҳмат ва мағфирати гуноҳон аст [6; 145].

Умедвор будан дар ҳар амал ва ё кор шахсро ба маќсад мерасонад. Инсон бо умеди ин ки талоши ў самарбахш гардад, фаъолият мекунад ва агар умед набуд ҳеч инсоне даст ба иќдоме намезад, чун: «Ҳар мавҷуди зинда ба умеди расидан ба маќсаду мароми хеш ҳаракат ва талош меварзад». Аз ин рў, инсоният ба ҳар коре ки даст мезанад аз самараи неки он умедвор бошад.

Вобаста ба умедвор будан дар амал ва ё талаби чизе Хоҷуи Кирмонӣ мефармояд:

Лек навмед нест ки оби ҳаёт,

Аз сиёҳӣ бурун тавон овард [2; 230].

Яъне, дастрасӣ ва пайдо кардани оби ҳаёт, ки мушкил аст, аммо шоир умедвор аст, ки оби ҳаётро метавонад аз зулмот (маконе, ки гўё оби ҳаёт дар онҷо мавҷуд аст) мебарорад.

Дигаре аз вижагиҳои ахлоќӣ ин ҳифзи обрўй мебошад. Вожаи «обрў (й)» дар луғат ба маънии «эътибор, иззат, шараф, некномӣ; номус» омадааст. Инсон аз азизтарин махлуќоти рўи замин ба шумор рафта, шарофати инсонӣ низ дар обрўю номуси ў мебошад ва ба хотири ин шарафу бузургӣ инсон ҷонишини Худованд дар рўи замин маҳсуб гардида, Офаридгор фариштагонро амри ба Одам саҷда карданро дод ва нафаре, ки аз амри Худованд саркашӣ намуд, рондашудаи даргоҳи Илоҳӣ ќарор гирифт, ки он ҳам бошад, яке аз фариштагони муќарраби даргоҳи Илоҳӣ, муаллими малоик – Азозил, ки ба номи “Шайтон” маъруф гардидааст, мебошад [5; 108].

Хоҷуи Кирмонӣ бар аҳамият ва ҳифзи обрў таъкид намуда, мегўяд:

Гар обрўи Нўҳ дар хоки кавш металабанд,

Чу зулфи ёр ќадди ошиќон чаро ба хам аст [2; 211].

Дўстӣ – яъне «муносибати байни одамон, ки ба некхоҳӣ, наздикӣ ва умумияти манфиати тарафҳо асос ёфтааст, рафоќати самимӣ, ошноӣ, ҷўрагӣ» буда, шахс бо ҷуз дўст бо касе ќасди муошират надорад [6; 486].

Аз ин рў, Хоҷуи Кирмонӣ суҳбати дўстро аз панди дигарон боарзиштар дониста, мегўяд:

Панд мадеҳ, то бишнидам ҳадиси дўст,

Дар гўши ман маҷол намодааст пандро [2; 156].

Яъне, чун сухан аз дўст ба миён ояду суҳбати дўст, панду насиҳати ту ба ман ҳеҷ маъно ва мафҳуме надорад.

Дигаре аз макорим ва шоистагиҳои ахлоќӣ «исор» мебошад. «Исор» он аст, ки: «Аз барои нафъи дигарон аз манфиати худ гузаштан; ато кардан, бахшидан» мебошад [6; 557].

Муҳаммадшафеи Саффорӣ «исор»-ро чунин шарҳ додааст: «Инсон аз барои нафъи дигарон аз манфиати худ гузаштан;  ато кардан, бахшидан» мебошад. Ҳаќиќати «исор» он бувад, ки: «Дар дўстӣ ҳаќќи дўсти худ нигоҳ дошта, баҳра ва насиби хеш  ба вай фурў гузорад ва он чӣ худ ба он муҳтоҷ аст ба дўст бахшад ва ранҷ бар худ ниҳад». Инфоќи мол бар се рутубат аст: аввал сахо, дигар ҷуд ва се исор. Соҳиби сахо баъзе диҳад ва баъзе надиҳад, соҳиби ҷуд бештар диҳад ва ќадри зарурати худро бигзорад, соҳиби исор ҳама бидиҳад ва худро ва иёлро ба Худо ва Расул супорад» [5; 86]. Инчунин, дар ривоятҳои фаровоне аз ин сифати писандида ба хубӣ ёд шудааст.

Байти зерини Хоҷу далолат бар исор аст, ки мегўяд:

Ҷон бихоҳ аз мани бедил, ки равонат бидиҳам,

                          Ки ба ҷуз ҷон зи ман охир чи таманност туро [2; 155].

Аз ин байти шоир бар меояд, ки яке аз бахшандаҳои исор ҷонбозӣ дар муќобили маъшуќ буда, ошиќ он ќадар ба маъшуќ ишќ варзад, ки ҳозир бошад дар роҳи ў чун Хоҷу аз ҷони худ бигзарад:

Афв ва бахшиш яке аз сифатҳои арзишманди инсонӣ буда, аз хусусиятҳои боризи ахлоќии як инсони комил ва писандида ба шумор рафта, сабру таҳаммули бузургро талаб мекунад. Бахшиш ва гузашт кардан баёнгари бузургии инсон мебошад. Бинобар ин, ҳар ќадар ин сифат дар инсон бештар гардад обрўю мартабаи он низ афзун гардад.

Хоҷу дар ин замина мегўяд:

Бибахш бар мани мискин, к-аз худовандон,

Ҳамеша афв шавад содиру зи банда зунуб [2; 185].

  Яъне, Хоҷу аз маъшуќ талаби бахшиш намуда, мегўяд, ки аз бандагон гуноҳ содир мешавад ва аз бузургон бахшиш, пас ту ки сифати бузургӣ дорӣ мани мискинро бибахш.

Дигаре аз шоистаҳои ахлоќӣ «таҳаммулпазирӣ» буда, дар рафтор, гуфтор ва кирдори ҳар инсони комил ба назар мерасад.

Таҳаммул, яъне: «Тоб овардан ба сахтию душворӣ»; «тоќату бардошти фавќулода»; «таҳаммул доштансабр кардан, шикебо будан»; «таҳаммул кардан (намудан)- тоќат кардан, тоб овардан» мебошад [7; 325].

Ҷиҳати истодагарӣ кардан дар муќобили сахтиҳои зиндагӣ ва тоб овардан ба ҳар мушкилот дар осори гузаштагони классики мо таблиғу ташвиќи зиёд ба назар мерасад. Зеро мушкилоти зиндагӣ ҳамчун сайќал аст, ки ба оҳан ва фулод медиҳанд, ҳар чи бештар бо равони одамӣ бирасад ўро ҷиддитар ва фаъолноку ботаҷриба мекунад. Чун хосияти зиндагӣ ин аст, ки шахс дар баробари сахтиҳои зиндагӣ муќовимат намуда, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ омодаи мубориза бо он мегардад. Ин аст, ки дар урфият мегўянд: «Худованд ваќте ки бандаеро дўст бидорад ўро дар шадоид ғарќ мекунад».

Хоҷуи Кирмоӣ низ таъкид мекунад, ки инсон бо таҳаммул кардан ба маќсуд мерасад:

Ҳар киро шавќи ҳарам бошад аз он нандешад,

Ки раҳи бодия аз хори мағелон хатар аст [2; 178].

Яъне, ҳар киро шавќи дидори Ҳарам бошад, дар роҳи расидан ба маќсуд таҳаммулпазир буда, аз сахтиҳои роҳи бодия ва хори мағелон наандешад.

Вожаи «таслим» ба маъниҳои «супурдан, гардан ниҳодан; тандиҳӣ ба фармони касе; сари таслим фикандан, итоат кардан» ва «ризо» ба маъниҳои «хушнудӣ, хурсандӣ, розигӣ, ќаноатмандӣ» мебошанд.

Дар байти зер Хоҷу таслими худро ба маҳбубаш ва ризо шудан ба он ишора намуда мегўяд:

Даст додем ба банди туву таслим шудем,

Чорае нест, чу дастам ба ту дар менашуд [2; 222].

Шоир дар ин байт ба маҳбубаш хитоб намуда, мегўяд, ки даст ба банди ту додему таслим шудем ва аз мисраи дувум бар меояд, ки ин таслим шудани Хоҷу ба маҳбуб аз рўи ночорӣ мебошад на аз рўи ризоияти комил, чун дили шоир пойбану асири ишќи маҳбуб гардидааст ва ба ҷуз таслим шудан дигар чорае надорад.

Дигаре аз хусусиятҳои неки инсонӣ таваҷҷуҳ кардан ба ҳоли дигарон мебошад ва он яке аз зершохаҳои асосии меҳру муҳаббат ва утуфат ба шумор. буда, яке аз зершохаҳои меҳру утуфат мебошад. Зеро, инсон мавҷуди иҷтимоӣ буда, дар рўзҳои сахтӣ (ранҷу дард, дафну азодорӣ ва ғайра) ва рўзҳои шодӣ (рўзҳои вилодат, тўю ва ғайра) ба кумаки ҳамнавъонаш ниёз дошта, дар ҳама ҳолат дар иҳотаи онҳо ќарор мегирад.

Хоҷуи Кирмонӣ ҷиҳати таваҷҷуҳ намудан ба ҳоли хастадилон таъкид намуда, мегўяд:

Таваќќуъ аст, ки аз ошиќони бедилу дин,

Назар дареғ надоранд моликони ќулуб [2; 161].

Яъне, шоир аз моликони ќулуб (соҳибони ќалбҳо), ки мурод аз он маъшуќ мебошад, хоҳиш ва илтимос мекунад, ки ба ҳоли ошиќони хастадил таваҷҷуҳ намуда, нисбаташон меҳрубон ва ононро манзури назари хеш ќарор диҳанд.

Сано дар луғат ба маъниҳои «мадҳ, таҳсин, ситоиш» буда, «сано гуфтан» яъне «таҳсингўӣ, мадҳу сано гуфтан, ситоиш кардан; ќадршиносӣ» буда, яке аз шоистаҳои ахлоќи инсонӣ ба шумор меравад [7; 205].

Аз мутолиаи осори гузаштагон, бахусус, адабиёти давраи асрҳои X-XIII маълум мегардад, ки мадҳу сано ва таҳсин гуфтан боиси пешравии кор ва дарёфти ризќу рўзӣ ва афзоиши меҳру дўстӣ гардидааст.

Илова бар ин, дар панду андарзи бузургон таъкидҳо шудааст, ки ҳар як инсонро бо сифатҳои некаш ёд кунед.

Дар байти зерини Хоҷу ба мафҳуми саногуӣ ишора шудааст:

Ба ҷуз санои ту набуд ҳамеша вирди забонам,

Ки ҳарзи бозўи ҷонам ба ҷуз дуои ту набуд [2; 205].

Яъне, шоир таъкид бар он мекнад, ки пайваста вирди забонаш санои маҳбуб аст ва дуояш ба ҷуз дуо дар ҳаќќи маҳбуб нест.

Ҳаё” дар луғат ба маънии «шармсорӣ, «хиҷолат» буда, дар истилоҳ «худдории нафс аст аз зиштиҳо» мебошад [7; 478].

Ҳаё аз ҷумлаи мавзуъҳои ахлоќӣ буда, дар андарзҳои бузургон ба ҳифзи он таъкидҳо шудааст,

Вожаи ҳаё дар ашъори Хоҷуи Кирмонӣ маънии шармсориро дорад на маънии беҳаёӣ ё беҳаё буданро, ки байти зер далили ин гуфтаҳост:

Гар ба хаёли рўи ў дар рухи маҳ назар кунам,

Мардуми чашмам аз ҳаё об кунад саҳобро [2; 157].

Яъне, шоир ба маҳбубаш хитоб карда мегўяд, ки агар бо ёди ту ба моҳ нигарам, мардумаки чашмам абрро аз ҳаё об мекунад.

Ин аст, ки Хоҷу шакархандаи маъшуќро ба мисли муъҷизаи Исо ҷонбахш дониста, мегўяд:

Ба шакарханда дар эҳёи дили хастадилон,

Лаби ҷонбахши ту эҷози Масиҳо бинамуд [2; 220].

Яъне, лабони табассуми маҳбуб чун муҷизаи Исои Масеҳ ба дили хастадилон ҳаёти нав бахшид.

Хор ва таҳќир накардани касе аз хислатҳои ҷавонмардонаи ҳар як нафар ба шумор меравад. Оид ба ин хислати хуби инсонӣ дар тамоми осори классики форсу тоҷик панду андарз гуфта шудааст. Дар таълимоти ҳамаи динҳо, аз ҷумла, дини ислом ба ҳифзи иззат ва обурў таъкидҳо шудааст ва онро барозандаи инсон медонад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба пайравони роҳи худ иҷоза намедиҳад, ки иззат ва каромати худро аз даст дода, зиллату хориро бипазирад. Хоҷу вобаста ба хор надоштани ашкаш, ки баҳри маъшуќ рехта нашудааст, таъкид намуда, мегўяд:

Ашки хунини маро к-ўст ҷигаргўшаи дил,

З-ин сифат хор мадоред, ки асли гуҳар аст [2;178].

Шоир дар таъкид мекунад, ки ҳар ќатра ашки ў, ки барои маъшуќ рехта шудааст аз дили хунини ў баромада, монанди гавҳар боарзиш мебошад, бояд хор дошта нашавад.

Ихлос дар ният ва амал як омили муҳим дар растагории инсон мебошад ва роҳро барои расидан ба маќсад осон менамояд. Инсон бояд ҳар аъмолеро, ки анҷом медиҳад ва дар ҳар рафтор ва гуфторе, ки аз худ нишон медиҳад пеш аз ҳама нияти холис дошта бошад, чун ҳар як кор вобаста ба ният мебошад, вагарна ҳамрадифи афроди риёкор ќарор мегирад.

Хоҷуи Кирмонӣ вобаста ба нияти холис мегўяд:

Маҳмудро расад, ки занад кўси салтанат,

К-аз салтанад муроди дилаш ҷуз Аёз нест [2;184].

Шоир дар ин байт мушаххас намудааст, ки муроди дил дар анҷоми кор муҳим аст ва муроди дил ҳамон нияти холиса мебошад.

  Ростгўӣ ва росткорӣ яъне садоќат дар гуфтор, рафтор ва пиндор буда, аз шоистаҳои ахлоќи ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад, ки дар созандагии инсон наќши босазое дорад. Бузургони ҳар ќавму миллат оид ба фазилати ростгўиву росткорӣ андарзҳо гуфта, инсониятро ба он роҳнамоӣ намудаанд.

ХоҷуКирмонӣ низ ба ростиву росгўӣ ишора намуда, мегўяд:

Ҳамчун болот бигўям сухане рост ба ту,

Ростиро чи балоест, ки болост туро [2; 155].

Сукут ба маънии «хомўшӣ, сухан нагуфтан» мебошад. Дар баъзе маврид сукут метавонад омили боздоранда аз иттифоќҳои ногувор ва ҳатто гуноҳон мегардад, чунончи дар урфият мегўянд, ки забони сурх сари сабзро диҳад бар бод. Аз ин рў, баъзе аз донишмандон сукут ва хомўширо аз сухан гуфтан беҳтар дониста, ба хомўшиву сукут таблиғ мекунанд.

Хоҷуи Кирмонӣ низ ба сукут тавсия намуда, мегўяд:

Забони савсани озод бин, ки ҳаст дароз,

Валек, бархе озодае, ки хомўш аст [2;174].

Салом додан нахуст калимаи эҳтиромӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ буда, аз бузургтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, дар ҳамаи таълимоти динӣ вобаста ба салом додан ва фазилату фавоиди он ваъдаҳои нек ва барои риоя накардани одоби он ваъидҳо омадааст. Бинобар ин, ҳар як шахс новобаста аз ќавмияти нажодӣ ва динӣ дар вохўрӣ ва муносибати худ бо нафари дигар пеш аз ҳама аз салом истифода мебарад, ки ин боиси афзоиши муҳаббат байни ҳамдигар мегардад.

Инчунин, дар осори назмиву насрии донишмандони форсу тоҷик доир ба салом ва салом гуфтан ишораҳо шудааст, ки байти зерини Хоҷуи Кирмонӣ далели ин гуфтаҳост.

Сабо гар бигзарӣ рўзе ба кўяш,

Бигў Хоҷу саломат мерасонад [2; 217].

Шоир аз боди сабо хоҳиш меукунад, ки чун ба манзили дўст гузар кунад, ҳатман салому дуруди ўро расонад.

Дигаре аз макорими ахлоќӣ “сабр” мебошад. Вожаи “сабр” ба маъниҳои “бурдборӣ”, “бардошт”, “тоќат” мебошад [6; 186]. Манзур аз «сабр» ҳамон истиќомат дар баробари мушкилот ва ҳаводиси гуногун буда, нуќтаи муќобили он «бесабрӣ», яъне аз даст додани муќовимат ва таслим шудан дар баробари мушкилот аст.

Инчунин, дар осори адабии назмиву насрӣ ва шифоҳии форсу тоҷик низ оид ба сабр, сабурӣ ва манфиати он ишораҳо шудааст. Аз ҷумла, Хоҷуи Кирмонӣ ба сабр ишора намуда, мегўяд:

Бирав Хоҷу сабурӣ кун, ки аз сабр,

                                      Давои дарди ҳиҷрон метавон ёфт [2;172]. 

Яъне, шоир ба сабур будан даъват менамояд чун ба ќавли ў сабр метавонад давои дарди ҳиҷрони маъшуќ бошад.

Садоќат ва ростгўӣ аз бузургтарин шоистаҳои ахлоќӣ аст, ки дар эҷодиёти назмиву насрии шоирону нависандагони адабиёти классикӣ ва муосир оид ба ин хислати ҳамидаи инсонӣ таблиғ ва ташвиќҳо шудааст. Аз ҷумла, Хоҷуи Кирмонӣ ба садоќат ва вафодории худ ишора намуда, мегўяд:

Бо ту яктост ҳануз ин дили шўридаи ман,

Чун сари зулфи кажат ќоматам аз он ки дутост [2; 224].

Шоир дар ин байт баён медорад, ки гар чӣ ќоматаш мисли сари зулфи ёр дуто шуда бошад ҳам, киноя аз пир шудан, аммо баъд аз гузашти солиёни дароз низ дилаш бо маъшуќ яктост, ки ин нишони садоќат мебошад.

Ибрат калимаест, ки дар ќаламрави тарбият корбурди густурдае дорад. Ҳамаи таълимоти динӣ ва мактабҳои тарбиятӣ пайравон ва шогирдони худро ба дарсомўзӣ ва ибратгирӣ аз саргузашти пешиниён ва муќоисаи мавќеияти худ бо онон даъват мекунад. Вожаи ибрат яъне панд, сабаќе, ки аз мушоҳидаи аҳволи нек ё бади дигарон гирифта мешавад, ќиёс аз чизе барои кардан ё накардани он; дарси ибрат он чи ки кас аз мушоҳидаи ҳоли дигарон барои худ сармашќ ќарор медиҳад [6; 533].

Вобаста ба ибрат ва ибратпазирӣ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ панду андарзҳои зиёде аст. Хоҷи Кирмонӣ низ ба ибратпазирӣ ишора намуда, мегўяд:                                  

Хоҷу бирав ба чашми тааммул нигоҳ кун,

Бар аҳли дил, ки гўшаи узулат гузидаанд [2; 222].

Дар ин байт манзур аз ба чашми тааммул нигаристани Хоҷу, ҳамон ба дидаи ибрат нигаристан аст. Яъне, шоир хитоб мекунад, ки бо чашми тааммул ба аҳволи аҳли дил, яъне орифон назар кун ва аз гўшанишиниро интихоб кардани онҳо ибрат гирад.

Дигаре аз масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, ки дар эҷодиёти гузаштагон таъкидҳо шуда, бузургони ҳар ҳавму миллат пайравони худро ба он таблиғ ва ташвиќ намудаанд, масъалаи меҳру муҳаббат мебошад. Масъалаи меҳру муҳаббат ва улуфату меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар дар эҷодиёти манзум ва мансури адибони гузаштаи мо мавриди таъкиди фаровони ќарор гирифтааст.

. Масалан, дар байти зер Хоҷуи Кирмонӣ ба ишќ доштан таъкид намуда, мегўяд:

Ҳар ки ўро заррае бо моҳрўён меҳр нест,

Бар чуни оммӣ фазилат мениҳанд анъомро [2;154].

Яъне, шоир муътаќид бар он аст, ки касе гар ишќ надорад ва дарки ишќро намекунад, чорпоён аз ў бартаранд.

Дигаре аз макорими ахлоќӣ ва  сифати ҷавонмардӣ ин вафодор будан дар гуфтору кирдор ва рафтор мебошад. Вожаи «вафодорӣ» ба маъниҳои «содиќ ва устувор будан дар муҳаббат ва дўстӣ», «бовафоӣ», «садоќат», «ҳаќшиносӣ» «ќадршиносӣ», «сипосгузорӣ» «вафодорӣ кардан, вафодорӣ нишон додан» мебошад [6; 270].

Вафодорӣ ва вафодор будан замоне иттифоќ меафтад, ки барои анҷоми ин кор ризоияти ќалбӣ ҳам вуҷуд дошта бошад. Дуруст аст, ки касе дорои чунин хислатҳои наҷиб бошад, дорои оромиши дарунӣ буда, пойбанди масоили ахлоќӣ мегардад ва кору рафторҳояшро бо оромиш ва ризоияти ќалбӣ амалӣ мегардонад. Масалан, агар бо касе оид ба анҷоми коре аҳде баст ва созишеро имзо кард, ҳам дуруст ва ҳам ба мавќеъ ва сари ваќт анҷомаш медиҳад.

Вафодорӣ дар шеъри тамоми шоирони классики мо бараъло мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, ќиссаҳои Лайлӣ ва Маҷнун, Юсуф ва Зулайхо, Хусрав ва Ширин, Ҳотами Той, Самаки айёр ва ғайраҳо, ки баёнгари таблиғи вафодорӣ мебошанд ва албатта вафодорӣ дар асарҳои мазкур бештар дар байни ошиќ ва маъшуќ иттифоќ меафтад, ки байти зер аз Хоҷуи Кирмонӣ нозир ба ин маънӣ мебошад:

Ман на онам, ки зи кўяш ба ҷафо баргардам,

Гар биронад зи дар, он ҳури паризод маро [2;155].

Яъне, вафодории шоир ба ҳадде мерасад, ки агар тарафи муќобил ҷафокор ҳам бошад ва ўро биронад ҳам боз ҳамчун шахси вафодор бар сари паймони худ мемонад.

Хулоса, шоири тавонои асри XIV Хоҷуи Кирмонӣ донишманд ва адиби намоёни ин аҳд бо ашъори пурбори худ тавонист муҳтавиёти ахлоќи ҳамидаи инсониро дар ашъори худ мавриди назар қарор дода, онро бо равишҳои гуногун дар сухани худ ҷой диҳад. Агар мо ба ашъори шоирон назар андозем, баҳси шоирон доир ба мавзуъҳои гуногуни илмӣ бепоён боқӣ мемонад, вале сувари хаёл ва маъниофаринии Хоҷуи Кирмонӣ ниҳоят баланд ва арзишманд буда, бо як маҳорати баланди шоирона, тавонистааст пеш аз ҳама мавқеи шоистаҳои ахлоќиро чӣ дар ашъори ирфонӣ ва чи дар дигар навъи шеърӣ нишон дода, андешаҳои худро бо он исбот намояд.

Мутаассифона, дар қаламрави форсизабонони муосир, бахусус, дар Тоҷикистон, ба ин шоири рангинхаёл ва ғазалсарои мумтоз кам ошно буда, таҳқиқоти ҷиддие ба осори ӯ, ки таваҷҷўҳи шоён ва лоиқи шаъни вай бошад, рӯйи кор наомадааст.

Нуктаи дигареро дар ин маврид бояд хотирнишон кард, ки мақоми шоистаҳои ахлоќӣ ва риояи он на танҳо дар ашъори ирфонии Хоҷу, балки дар тамоми анвои шеърии ӯ мақоми назаррасе дошта, ба таври васеъ баён шудааст. Хоҷуи Кирмонӣ баҳри расонидани мақсади хеш аз тамоми имконот истифода намуда, кӯшидааст, то дар камтарин сухан бештари маъниро биёварад. Хоҷу дар ашъори худ вожаҳои шоистаи ахлоќиро бо тарз ва шеваҳои гуногун баён сохта, дар шеъри худ онҳоро таҳлил ва таблиғ намудааст. Аз ин рӯ, баррасии ҷанбаҳои ахлоќӣ дар ашъори Хоҷуи Кирмонӣ хонандаро дар дарки амиқтари шеъри шоир кумак ва роҳнамоӣ мекунад.

Адабиёт

  1. Авасто. Ҷилди 1. – Душанбе: “Бухоро”, 2014.-784 с.
  2. Куллиёти ашъори Хоҷуи Кирмонӣ / Бо эҳтимом ва тасҳеҳи Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ. – Теҳрон: 1391. – 728 с.
  3. Нафисӣ, Саид. Нахлбанди шуаро. Аҳвол ва мунтахаби ашъори Хоҷуи Кирмонӣ / С. Нафисӣ. – Теҳрон: Ховар – 1307. – 96 с.
  4. Нуъмонӣ, Шибли. Шеъру-л-Аҷам ё таърихи шуъаро ва адабиёти Эрон / Шиблии Нуъмонӣ. Аз забони урду тарҷумаи Саййидмуҳаммадтақии Фахри Доъии Гелонӣ. Таҳияи Абдухолиқи Набавӣ. Ҷилди 2, Душанбе – 2015, 333 с,
  5. Саффорӣ, Муҳаммадшафеъ. Фарҳанги луғот ва таъбироти маснавиҳои Саноӣ (Ҳадиқа, Сияр-ул-ибод, Корномаи Балх) / М. Саффорӣ. – Эрон: интишороти Донишгоҳи байналмилалии имом Ҳумайнӣ, 1378. – 806 с.
  6. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ / Зери таҳрии С. Назарзода (раис), А. Сангинов, С. Каримов, М.Ҳ. Султон. Ҷилди 1, Душанбе-2008, 905 с.
  7. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ / Зери таҳрии С. Назарзода (раис), А. Сангинов, С. Каримов, М.Ҳ. Султон. Ҷилди 2, Душанбе-2008, 944 с.
  8. Ҳодизода, Р. Таърихи адабиёти тоҷик дар асрҳои 12-14. Р. Ҳодизода, -Душанбе: “Дониш” – 1975, 344 с.
  9.  http://www.litsovet.ru/index.php/material.
  10. [https://khaledalsabt.com/explanations.
  11. [https://www.alkhaleej.ae.
  12. [https://www.islamweb.net/ar/article.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top