Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 24 марти соли 2026 аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои ниҳоди он дар Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» чорабинии наврӯзӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур директори Агентӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб иштирокдоронро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик ва муборакбод намуда, инчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил ва баргузор намудани ҷашни 35-содагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top