Мақбара дар соҳили рости сой, наздикии деҳаи Мазори Шарифи Шаҳри Панҷакент воқеъ гардидааст. Деворҳои мақбара аз хишти пухтаи андозаи 21 х 22 х 4 см. сохта шудаанд. Қисмати шимолу шарқии мақбара дар асрҳои X-XI ва боқимонда қисмҳои он, аз ҷумла пешайвон, дар солҳои 1342/43 сохта шудаанд. Мақбараи Муҳаммад Башоро намунаи барҷастаи санъати меъмории асримиёнагии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.



