ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА

Қалъа дар соҳили рости дарёи Панҷи Ноҳияи Ишкошим дар баландии кӯҳпора дар имтидоди дарё тӯлкашида аз деҳаи Намадғути Поён ба масофаи 1км дуртар воқеъ гардидааст. Бурҷҳо дорои тиркашҳои равоқӣ буда, бо андозаи 1,5 х 1,5 м дар қалъа ва арк сохта шудаанд. Қалъа шакли байзавии дарозрӯя дошта, аз ғарб ба шарқ 675 м, аз ҷануб ба шимол 220 м мебошад. Девор дар баландӣ 8,6 м ва 56 бурҷҳои мудаввар бо тиркашҳои равоқӣ ва росткунҷашакл дар фосилаи ҳар 2-5 м муҷаҳҳаз гардидааст. Таҳкурсии деворҳо ва бурҷҳо аз санг ва бахши асосии деворҳо аз қитъаҳои похса (то 80 см) ва хишти хом бунёд гардидаанд. Санагузорӣ: асри  III то милоди – VIII  милоди.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top