Дар ҷамоати Зонги Ноҳияи Ишкошим дар интиҳои ҷанубии шохакӯҳи қаторакӯҳи Вахон, дар соҳили чапи рӯди Зонгдарё (шохоби рости дарёи Панҷ) воқеъ гардидааст. Якчанд иморатҳо ҳафриёт шудаанд. Бошишгоҳ росткунҷашакл (масоҳати 1200-1300м2) буда, бо девори баланди сангин баландии 3-4 м ва тиркашҳои тарқишмонанд муҷаҳҳаз мебошад. Санагузорӣ: асрҳои X-XII.



