ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲИФЗ ВА ЭҲЁИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоиши байналмилалии “Ҳутали қадим пойгоҳи зуҳури зобони тоҷики-форсӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ” дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

      Дар он мутахассисони соҳаи меъморӣ, таърих, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, ва намояндагони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ  Хоҷазода иброз намуданд, ки мақсади асосии баргузории мизи мудаввар баррасӣ ва таҳлили дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз, барқарорсозӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар давраи Истиқлоли миллӣ мебошад. 

     Чорабинӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, арҷгузарӣ ба мероси ниёгон ва муайян намудани роҳҳои самаранокии ҳифзу истифодаи минбаъдаи арзишҳои таърихию фарҳангӣ мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top