Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид.
Филм ба омӯзиш ва муаррифии таърихи Хатлон, ки дар сарчашмаҳо бо номҳои «Хутал», «Хуталон», «Хатлон» ва «Кӯлоб» оварда шудааст, равона гардидааст. Дар он давраҳои гуногуни таърихӣ – аз аҳди бостон то асрҳои миёна бо такя ба сарчашмаҳои илмӣ инъикос мегардад
Дар филми мустанад инчунин ба ёдгориҳои таърихӣ, санъату ҳунар ва суннатҳои мардуми ин минтақа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Филм дар чанд қисмат таҳия гардида, давомнокии ҳар қисми он 50 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар он андешаҳои таърихшиносони маъруф пешниҳод мегарданд.



