КИТОБИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ, ФАРҲАНГӢ ВА ТАБИИИ ТОҶИКИСТОН  АЗ ЧОП БАРОМАД,

Китоби «мероси таърихӣ,фарҳанги ва табиии Тоҷикистон» номгӯи ҳамаи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро, ки то имрӯз дар Тоҷикистон сабт шудаанд,дар бар гирифтааст. дар он мероси таърихию фарҳангӣ ва табиии кишвар ба таври фишурдаву маҳдуд,бо вироиши Тоҷики,русӣ,англисию форси бо ривояти аксҳо омода шудааст. Китоб барои доираи васеи алоқамандон,сайёҳон ва пажӯҳишгарон пешниҳод мешавад.

Маҷмуа асосан ёдгориҳои бостони табии ва меъмориро дар бар гирифтааст,ки дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус пешвои милат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шудаанд, ки тармиму барқарор гардида, дастраси умум гаштаанд. Маҳз чунин ёдгориҳо метавонанд муарифгари таъриху фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гашта, барои ривоҷи васеи сайёҳии фарҳангӣ дар кишвар роҳкушоӣ намояд.

 Китоб ҷиҳати баҳрабардорӣ, аз ёдгориҳои нодири кишвар ба дӯстдорони таъриху фарҳанги диёр раҳнамоӣ хоҳад кард.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top