Аҳлиддин Саиднуриддинзода- муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ – ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
Интиҳои қарни ХХ ва оғози қарни ХХI барои миллати куҳанбунёди тоҷик ва тамоми сокинони Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави таърихӣ ва тақдирсоз гардид.
Санаи 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ХII тибқи «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз таърихи 24 сентябри соли 1990 санадҳои хеле муҳиму сарнавиштсози таърихӣ – «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро қабул намуд. Санадҳои мазкур дар таърихи беш аз ҳазорсолаи ворисони Оли Сомон гардиши куллие намуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибистиқлоли тоҷикон арзи вуҷуд намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «9 сентябри соли 1991 барои мо на танҳо ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарорсозии адолати таърихӣ азизу арҷманд аст, зеро баъди шикасти давлати Сомониён, шояд бори аввал буд, ки ҳаёт ба тоҷикон имконияти нодиру беназирро пешкаш намуд, ки давлати ягонаи миллии хешро барпо кунад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиставу сазовор пайдо намояд».
Инак 34 сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми сулҳофару тамаддунсози он дар масири пуршарафи истиқлол, қадамҳои устувору пурфайз гузошта, дар ҷодаи таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Аслан 34 сол дар муқоиса бо дарозои таърих ва тамаддуни беш аз панҷҳазорсолаи мардуми мо, ки дорои таърихи хеле қадиму ғанӣ ва фарҳанги волою ҷаҳонгир аст, лаҳзае беш нест. Вале дар тӯли 34 сол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин рӯйдодҳо, воқеаҳо, дигаргуниҳо ва навгониҳое ба амал омаданд, ки аз ҷиҳати моҳият, мазмун як таҳаввулоти бузург дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии мардуми мо гардида, аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ва арзиши худ баъзан аз воқеаву саргузашти садсолаҳои таърихи халқамон бузургтару пурҳашамат, пурмӯҳтаво ва пурарзиштар маҳсуб меёбад.
Бузургтарин дастоварди мардуми мо дар тӯли ин солҳо, пеш аз ҳама, соҳиб шудан ба истиқлолияти сиёсӣ, хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба оштии миллӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ, қадамҳои устувор барои таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ, ғоявӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Ба шарофати сиёсати оқилонаю дурандешона ва созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар роҳи бунёди давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли худ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидем. Мо истиқлолияти давлатӣ ва сиёсии худро эълон намуда, онро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, ба ҳукми қонун даровардем.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва соҳиб гаштан ба истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, масъалаи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таҳкими истиқлолияти миллӣ имрӯзҳо аҳамияти хеле муҳимро касб намуда, он дар меҳвари сиёсати фарҳангӣ, иҷтимоӣ, таълимию тарбиявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон қарор дорад.
Дар ин самт низ мо ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидем, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстии мардуми мо хеле боло рафт, ки ин яке аз омилҳои муҳими истиқлолияти воқеӣ аст. Таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ ҳамчун рукни асосӣ ва ҳалкунандаи истиқлолияти комил яке аз самтҳои муҳими сиёсати имрӯзаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Ва муҳимтар аз ҳама, дар даврони Истиқлолият як насли нав – насли озод аз қолабҳои идеологӣ ва маҳдудиятҳои мафкуравӣ, дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ба камол расида, рӯи саҳнаи зиндагӣ омад, ки мо дар оянда метавонем Парчами давлати соҳибистиқлоли худро дилпурона ба дасти он супорем.
Барои ба моҳияти ҳамаи ин масъалаҳо сарфаҳм рафтан омӯзиши ҳаматарафаи таърихи гузаштаю ҳозираи миллатро тақозо мекунад. Бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз таърихи гузаштаи худ хулосаи зарурӣ барорад ва чуқур дарк намояд, ки роҳи халосӣ аз ин ҷангу ҷидолҳо, таъмини пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардуми Тоҷикистон танҳо ба воситаи якдигарфаҳмӣ ва таъмини ваҳдату якпорчагии он муяссар хоҳад шуд.
Дар охир бояд тазаккур дод, ки падидаҳои истиқлолият, ҳамгироии халқу миллатҳои минтақа ва ташаккули иттиҳодияҳои давлатҳои мутараққӣ, ки ояндаи муносибатҳои муттақобилаи табиат, инсон ва ҷомеа ва умуман сайёраи моро муайян мекунад, падидаҳои мутлақ мебошанд ва расидан ба ин мӯҳтаво донишу маърифатнокии баланд ва эҳсосоти башардӯстонаи халқу миллатҳо, сохти комили демократӣ ва ҳуқуқӣ, сатҳи баланди маданияти сиёсӣ ва таҳаммулгароӣ, ба дили поку ақлу идроки волои сарварони минтақаро ниёз дорад.
Барҳақ, дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намудааст: «вақти он расидааст, ки мушкилиҳои дуюминдараҷаи сунъиро ба як су гузошта, сари ҳамкории созанда, тақвияту эътимоду боварӣ ва таҳкими ҳамкорӣ биёем, то ба насли оянда минтақаи озоду осоишта ва равобити дӯстонаву бародаронаро мерос гузорем».



