Экспедитсияи муштараки Тоҷикистон ва Фаронса дар ёдгориҳои таърихию бостонии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод аз санаи 11 сентябр идома дорад. Дар экспедитсия кормандони дастгоҳи марказии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миссияи бостоншиносии Маркази миллии таҳқиқотии илмии Фаронса иштирок доранд. Натиҷаи мавсимии корҳои тадқиқоти бостоншиносии экспедитсияи муштарак баъд аз анҷом мавриди таҳлил қарор мегирад.




