ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР АГЕНТӢ

Омӯзиши забони англисӣ дар замони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфта, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар паёму суханрониҳояшон пайваста омӯзиши забонҳои русиву англисиро таъкид медоранд. Сарвари давлат бунёди маорифи миллиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат дониста, ғамхорӣ нисбат ба маорифро – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи Ватан номиданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 қабул гардидааст, ки иҷроиши он на танҳо ба зиммаи Вазорати маориф ва илм балки, ба зиммаи ҳама қишри ҷомеа аст. Ин барнома заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илмӣ, таъминоти кадрӣ, хизматчиёни давлатӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявиро фароҳам меорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронию мулоқоташон бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем».

         Вобаста ба ин, имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кутоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар амалишавии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат мекунад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top