Давлатхоҷа Довудӣ (Д.Довутов) 10 ноябри соли 1950 дар деҳаи Ранови кӯҳистони Дарвоз ба дунё омадааст. Соли 1953 оилаи онҳо кӯчида ба шаҳри Қурғон-Теппа (айни ҳол шаҳри Бохтар)-и вилояти Хатлон омаданд ва айёми кӯдакиаш дар ин шаҳр гузаштааст. Солҳои 1957-1967 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Қурғон-Теппа таҳсил намуда, соли 1967 ба факултаи таърихи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (айни ҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1972 Донишгоҳи номбурдаро бомуваффақият хатм намудааст. Дар худи ҳамон сол ба риштаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон (айни ҳол Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ба кор шурӯъ намуд. Соли 1972 ҳолате рӯх дод, ки бостоншинос ва сиккашиноси машҳури тоҷикистонӣ Е.А.Давидович бо ҳамроҳи бостоншиноси маъруф Б.А.Литвинский ва писараш барои истиқомати доимӣ ба шаҳри Москва кӯч бастанд. Тоҷикистони азиз бе сиккашинос (нумизмат) монд. Дар ин ҳолат, дар фонди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон 20 ҳазор сикка мавҷуд буд, ки ба омӯзиш ниёз дошт. Соли 1974 мутахассиси ҷавон бо ризогии Б.Искандаров – директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон барои такмили ихтисос ба Донишгоҳи шарқшиносии шаҳри Ленинград ба муҳлати ду сол сафарбар шуд. Соли 1976 ба аспирантура дохил шуда, соли 1979 хатм намуд. Таҳти роҳбарии О.И.Смирнов, кории илмии худро дар мавзуи “Денежное обращение раннесредневекового Пенджикента (V – VIIIвв.)” (“Муомилоти пулии Панҷикент дар давраи асрҳои миёна (асрҳои V – VIII)”) бо муваффақият соли 1983 ҳимоя намуд. Ба О.И. Смирнов муяссар нагашт, ки ҳимояи кори илмии шогирдашро бубинад, зеро ӯ соли 1982 дар сини 72 солагӣ аз дунё даргушта буд.
Баъд аз аспирантура Д.Довудӣ фаъолияти худро дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш аввал ба ҳайси ходими хурди илмӣ шурӯъ намуда, баъдтар фаъолияташро ба ҳайси ходими калони илмӣ давом дод. Соли 2007 кори илмии доктории худро дар мавзуи “Муомилоти пулии Хатлон (асрҳои V то милод XX милодӣ)” ҳимоя кардааст.
Д.Довудӣ олими сермаҳсул буда, аз ҷониби ӯ 227 мақолаҳои илмию оммавӣ ва 18 рисолаҳо (монография) таҳия карда шудааст, ки 134 мақолаҳои илмию оммавӣ ва 11 рисола (монография) оид ба сиккаҳои қадим ва асримиёнагӣ навишташударо, ташкил медиҳад.
Мақолаи устод Давлатхоҷа Довудӣ дар маҷаллаи илмӣ-омавии Мероси ниёгон таҳти №1 соли 1992 (саҳ.89-90) бо унвони “Дафинаи пулҳои қадим аз Алмосӣ” нашр шудааст.
Устод менависад:
“Ронандаи булдозер А.Аҳмадов ба кори муқаррарии ҳаррӯзааш сар карда, гумон надошт, ки ӯро чӣ бозёфти нодире интизор аст. Ин ҳодиса дар яке аз рӯзҳои моҳи феврал дар наздикии деҳаи Алмосии ноҳияи (айни ҳол шаҳри) Ҳисор рӯх дода буд. Дар вақти кандани нақб, барои хобонидани қубур бели булдозер аз зери замин кӯзаеро баровард. Кӯза аз асари дами бел ду пора шуда, аз дарунаш сиккаҳо (тангаҳо)-и зиёде ба замин пош хӯрданд. Сиккаҳо навиштаҳои номаълуме доштанд, ки дар бораи қадима будани онҳо шаҳодат медоданд…”
Дафинаи Алмосӣ зиёда аз 3000 сикка дошта, калонтарин дафинаест, ки то ҳол дар Тоҷикистон ёфт шудааст. Аз онҳо 3022 ададаш ба Пажуҳишгоҳи таърихии Академияи илмҳо, 15 ададаш ба Музейи муттаҳидаи таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, 9 ададаш ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дохил шудаанд. Илова бар ин зиёда аз 100 адад сиккаҳои ин дафина дар дасти ашхоси гуногун мебошад.
Пулҳои дафинаи Алмосӣ дар сиккахонаи Чағониён 900 сол пеш аз ин дар охирҳои солҳои 20-ум ва 30-юми асри XI зарб шудаанд.
Дар таърихи халқи тоҷик ин солҳои пурошӯбе буданд. Баъди барҳам хӯрдани давлати Сомониён мулки онҳо байни сулолаи Ғазнавиён ва Қарахониён тақсим мешавад. Дар натиҷаи ин тақсимот вилоятҳои Хатлону Чағониён ба зери тасарруфи Ғазнавиён медарояд. Аммо Қарахониён ҳамоно кӯшиш мекарданд, ки ин вилоятҳоро ба тобеъияти худ дароранд. Ҷолиби диққат аст, ки ин кашмокашиҳо дар навиштаҷоти сиккаҳои дафинаи Алмосӣ хеле хуб инъикос ёфтаанд.
Сиккаҳои Алмосӣ ба монанди сиккаҳои дигар давлатҳои исломии он замон арабӣ буда, дар он калимаи шаҳодат, сураҳо аз Қуръони Карим ва ғайраҳо нақш шудааст. Инчунин, дар сиккаҳо сол ва макон (Чағониён) сабт гардидааст.
Қисме аз сиккаҳо аз номи ҳокими Ҷағониён Абулқосим ва қисми дигараш аз номи ҳокими Қарахониён Иброҳим Наср сохта шудаанд.
Мувофиқи сарчашмаҳои хаттӣ аз ҷумла: “Таърихи Масъудӣ”-и Байҳақӣ,ёй Чағониён дар тобеияти Ғазнавиён буд. Аммо навиштаҷоти сиккаҳо аз ҷумла дар онҳо набудани номи шоҳони ғазнавӣ, далелест дар бораи бештар хусусияти расмӣ доштани ин тобеъият. Дар асл Чағонхудо мустақилона мулкашро идора мекард. Аммо ин мустақилият дер давом намекунад. Соли 1038 Иброҳим Насри қарахонӣ аввал Хатлон ва баъд Чағониёнро забт карда, ба худ тобеъ гардонид. Пас ин, пулҳои чағониён аз номи ӯ бароварда шудааст.
Дар сиккаҳо баробари номи ӯ лақабҳои сершумораш Бӯритегин, Малик-ал-муайяд, Тафғоч, Буғрохон, Фахруддавла, Ҳоқон алаҷла сабт гардидаанд. Дар сиккаҳо ҳамчунин, номи ҳокими Қарахонӣ Қодирхон бо лақаби Носир алҳақхон, Баҳоуддавла ва номи халифаҳои Оли Аббос-ал-Қодир ва ал-Қоим мавҷуданд. Сабти номи халифаҳо аз он аст, ки чи Қарахониён ва чи Ғазнавиён амалан мустақил бошанд ҳам, расман тобеи халиф буданд.
Дар дафинаи Алмосӣ 529 дирами шикаста ҳаст, мавҷудияти дирамҳои шикаста дар асрҳои IX-X дар сарчашмаҳои хаттӣ низ зикр гардидааст. Дирамҳои шикаста вазифаи пулҳои майдаро иҷро мекунад.
Сиккаҳои зикршуда аз омехтаи мис ва нуқра сохта шуда, дар онҳо мис нисбат ба нуқра бештар аст. Ин ҳолат сабабҳои худро дорад. Дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри XI дар мубодилаи пулӣ бӯҳроне сар мезанад, дар илми таърихшиносӣ бо номи «бӯҳрони нуқра» маъруф аст. Дар асрҳои IX-X аз Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳои Шарқӣ мусалмонӣ шумораи зиёди дирамҳои нуқрагин ба мамолики Аврупои Шарқӣ, ҳамчун мол барои савдо бурда мешуд. Дар натиҷа захираи конҳои нуқра кам шуда, норасогии он эҳсос карда шуд. Ин буд, ки дар Осиёи Миёна солҳои 20-ум ва 30-юми асри XI аввал дирамҳоро аз омехта мису нуқра ва баъдтар танҳо аз мис сохта, бо нуқра рӯйкаш мекарданд. Дар арсҳои IX-XII “буҳрони нуқра” На фақат Осиёи Миёна, балки дагар мамолики Шарқи исломро фаро гирифт….
Тадқиқоти пурраи дафинаи зикршуда, бешубҳа оид ба таърихи Ҳисор ва умуман оид ба таърихи халқи тоҷик маълумотҳои тозаи зиёде хоҳад дод…” (маҷаллаи Мероси ниёгон I соли 1992 с.89-90)
Санаи 26 августи соли 2022 дар илми тоҷик талафоти бузурге ба амал омад, Давлатхоҷа Довудӣ яке аз асосгузорони мактаби сиккашиносии тоҷик, доктори илмҳои таърих, сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дунё даргузаштанд.
Сардори раёсати илмию истеҳсолӣва техникии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода З.Э.
