Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба “Қалъаи Бибихонум ҳамчун мавзеъи таърихию фарҳангӣ” дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари илмӣ баргузор намуд.
Қобил ба ёдоварист, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияиҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон таъкид сохт, ки ҳангоми корҳои ҳафриётӣ донишҷӯёни равияи таъриху бостоншиносӣ ба корҳои амали ҷалб гарданд. Ба ин мақсад 12 нафар донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ, ки дар равияи мазкур дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил доранд ба корҳои ҳафриётӣ дар Қалъаи Бибихонум ҷалб гардиданд.
Дар фароварди сухан муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ аз роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати ҳамкории судманд изҳори сипос намуд
Дар анҷоми Семинар декани факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи мазкур бо Сипосномаи Агентӣ сарфароз гардонида шуд.

