Аз ҷониби мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, барои ворид намудан ба Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо маром идома дошта, ҳангоми корҳои азнавбақайдгирӣ дар ноҳияи Ашт боз як мавзеи таърихии катибаҳо ва тасвирҳои рӯисангӣ кашф гардид





