Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дарки худшиносию худогоҳӣ, арзишҳои миллӣ, омӯзиш ва тарғиби илму фарҳанги миллӣ нигаронида шудааст, роҳандозӣ менамояд.
Дар ҳамин раванд масъулини Агентӣ фаъолияти худро барои таҳқиқи таъриху фарҳанги миллӣ, ва азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию меморӣ ва монументалии кишвар, инчунин шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз бо риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монданд.
Сараввал гурӯҳи корӣ бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳои болозикр вохӯриҳо гузаронида, бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо корҳои азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии минтақаро ба анҷом расониданд.





