“Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонро арзиши олӣ эълон намуда, ҳуқуқу озодиҳои ӯро бевосита эътироф ва кафолат медиҳад. Маҳз ҳуқуқбунёдӣ будани давлат аз ин ҷо сарчашма мегирад. Ҳуқуқҳои зерин ҳамчун асоси ҳуқуқии шаҳрвандон дар Конститутсия сабт шудаанд: ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ ва дахлнопазирии шахс, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба иштирок дар идоракунии давлат, озодии виҷдон, сухан, эътиқод, эҷод ва дигарҳо. Ин меъёрҳо Тоҷикистонро ба самти ҷомеаи адолатпеша ва мардумсолор раҳнамоӣ мекунанд.”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар толори бинои Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аҷргузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, шиносоӣ бо таърих ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва арзишҳои демократӣ, санаи 5 ноябри соли 2025 бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ зери унвони «Конститутсия — кафили пешрафт ва субботи давлат» бо иштироки кормандони ниҳоди Агентӣ баргузор мегардад.




