Рафти азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Санаи 5-ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Агентӣ, мизи мудаввар  аз натиҷаи азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумла: шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Гулистон, Бустон ва ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров баргузор гардид.

Бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 31 июли соли 2018, №356 аз ҷониби  гурӯҳи корӣ ҷиҳати азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалии шаҳру ноҳияҳои болозикр  ҳисобот пешниҳод гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top