ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ БА «УСТУВОНАИ КУРУШИ КАБИР»

Тавре иттилоъ дорем 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид, ки дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи навро боз кард.  

Созмони бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО тавассути ин Қатънома аҳамияти таърихӣ ва маънавии «Устувонаи Куруши Кабир»-ро  ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.

Ин ташаббуси навбатӣ тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» садо  дода буд, пешбарӣ шуд.

Қабул гардидани қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди муколамаи фарҳангҳо дар доираи ЮНЕСКО саҳми беназир мегузорад.

Ин Қатънома бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфт.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top