Таҷлили Рӯзи Президент дар Агентӣ

Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, ки хизматҳои арзишманд  ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ҳамарӯза мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдоншиносӣ қарор доранд. Абармарди бузурги арсаи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи Тоҷикистонро  дар дунё ҷойгоҳи  хосса ва чеҳраи Тоҷикистонро  дар дунёи сиёсат ҷеҳраи ҷадид гардонданд.

Баромадкунандагон иброз намуданд, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва баргузории ин ҷашни фархунда аз таърихи чандинҳазорсолаи давлатдории тоҷикон ёдовар шуда, давраи соҳибистиқлолии миллати тоҷикро яке аз саҳифаҳои зарини таърих ва нақши Пешвои миллатро дар ин давра беназиру бориз метавон унвон намуд.

Гуфта шуд, ки мавҷудияти суботу сулҳу оромӣ дар мамлакат танҳо далели кофӣ аст, ки аз дастовардҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қаҳрамониҳояшон ҷиҳати ҳифзи миллат, таҳкими амнияти миллӣ ва соҳибистиқлолии ватани азизамон ҳамеша шукргузор бошем.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top