Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин – муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Таърих собит сохт, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистони биҳиштосо марҳилаҳои рушдеро аз сар гузаронид, ки ба он кам кишварҳо рубарў гардидаанд.
Тоҷикистон, ки дар ҳайати иттиҳоти Шўравӣ қарор дошт, баъди пошхурии ин давлати абарқудрат дар гирдоби бесарусомониҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ичтимоию фарњангӣ қарор гирифт ва ин тақдири шуми таърихӣ бар сари миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандиро овард. Дар натиҷаи ин бесарусомониҳо хавфу хатари нестшавӣ, кишвари азизамон Тоҷикистонро таҳдид мекард.
Асри XX барои Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд пурфоҷиа, пуртазод муаррифӣ гашта, ин ҳолат бо як тезутундии ба худ хос ҷумҳуриро дар гирдоби дигаргуниҳои иҷтимоиву сиёсӣ қарор дод.
Дар чунин давраҳои мушкил дар маънавиёт, фарҳанг, сиёсат ва рўҳияи омма ба вуҷуд омадани душвориҳо хос аст. Ҳамин гунна давраҳо дар таърихи Ватани мо хеле зиёд буданд.
Таърих гувоҳ аст, ки Спитамен, Темурмалик, Восеъ, Муқанаъ, Катан, Австан ва садҳо фарзандони миллати тоҷик барои мудофияи сарзамин бар зидди аҷнабиён мубориза бурдаву барои истиқлолият ба даст овардан ҷони худро фидои якпорчагии Ватан сохтанд.
Бояд гуфт, ки ҳар як давраи таърихӣ ба худ хусусиятҳои хосеро дарбар гирифта, нақши муаяни иҷтимоию сиёсии худро мерос мегузорад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию баромадҳои хеш масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллиро дар инкишофи истиқлолияти Тоҷкистон баръало нишон дода, таҳлилҳои ҷолиби диққате оид ба мавзўъҳои истиқлолияти сиёсӣ анҷом додааст.
Дар мавриди ба даст овардани истиқлолияти комил саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зиёд аст. Муҳаққиқи англисзабон Ҷон Максвелл чунин ишора менамояд, ки «Агар шумо ба одамон забон ёбед, онҳо шуморо мефаҳманд. Қисмати муваффақ шудан – ин имконияти муомиаи хуб бо мардум аст. Маърифати баланди шумо ба мардум муҳим нест, то он даме, ки дилсўзии шуморо нафаҳманд». Ин буд, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо чунин хусусиятҳои дар боло ишорашуда ба дили ҳам мухолифин ва ҳам мардуми шарафманди тоҷик роҳ ёфт.
Истиқрори сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон ба шумор рафта, дар саҳифаҳои дурахшони таърихӣ ҷойи махус доранд. Дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми шарифи Тоҷикистон ва фарзандони содиқи халқамон ва бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст аз қабили Федератсияи Русия, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон ва Покистон ба мо муяссар гардид, ки ваҳдати комил ба даст биорем.
Бар асоси тасмимгириҳои роҳбари давлат дар нимаи аввали соли 1993 бо ҳадафи қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат, бозгардондани гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо манзили харобгашта, пешгирии раванди таназзули иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди Тоҷикистон масъалаи ба ҳам овардани нерўҳои музокироти сулҳи тоҷикон огоз шуд, ки давраи аввали он дар шаҳри Москва аз 5 то 19 апрели соли 1994 ҷараён гирифт.
Барои тавсеа ва суръат бахшидан ба раванди сулҳу оштӣ сарвари давлат баробари баргузории музокирот дар оростани мулоқоту суҳбатҳо бо роҳбари Иттиходи нерўҳои мухолифини тоҷик бо иродат эҳтимом варзид. Ин мулоқот дар бештари маврид дар ҳоле ба вуқўъ меомад, ки дар сатҳи музокирот ё машварат ҷонибҳо ба тавофуқ намерасиданд. Бо ибтикори роҳбари давлати Тоҷикистон ҷонибҳо 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул дигарбора мулоқот барпо карданд, то натиҷае аз ин гуфтушунидҳо ба ҳусни тафоҳуми тарафҳо дар дарёфти ризоият ва сулҳи кишвар биафзояд. Пайомади ин мулоқот қабули изҳороти муштарак буд, ки эътимоди тарафҳоро дар ҳосили матлаб тақвият бахшид. Вохўриҳои баъдина дар сатҳи олӣ 19 июли соли 1995 дар Теҳрон, 10-11 декабри соли 1996 дар Афғонистон ва 19-23 декабри ҳамон сол дар Москва, 21-22 феврал ва 16-18 майи соли 1997 дар шаҳрҳои Машҳад ва Бишкек ва дар маҷмўъ 8 маротиба доир гардиданд ва ниҳоят санади сарнавиштсози миллати тоҷик ба сурати ниҳоӣ ба имзо расид.
Таърих ва миллати тоҷик ҷасорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромўш нахоҳад кард. Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рўзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генадий Шалаев «Роҳ ба сўи созиш» чунин шарҳ ёфтааст: Эҳтимол вохўрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Хусдеҳ, ки дар шимоли Афғонистон, вилояти Тахор чойгир аст, гузаронанд, гўё иродати Президентро месанҷид, ў бе ягон дудилаги розӣ шуд. Аз рўи маслиҳати пешакӣ чархболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дар сарҳад пешвоз гирифта, ҳамзамон тарафи пешвозгиранда онҳоро мебоист ба қароргоҳи Президенти онвақтаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мебурданд. Ва он ҷо бояд сарлашкари машҳури он кишвар Ахмадшоҳи Масъуд иштирок мекард.
Вале дар сарҳад чархболи сарвари давлатро касе пешвоз нагирифт. Дастаи посбонони Президент иқрор мекарданд, ки ба Душанбе баргарданд. Дар ҳудуди давлати бегона, ки дар он ҷанги шаҳрвадӣ дар авҷ аст, парвоз кардан хатари бузург дорад, онҳо мекўшиданд инро ба Эмомалӣ Раҳмон бовар кунонанд. Ў инро мефаҳмид. Бо вуҷуди ин шояд боз мефаҳмид, ки ҳоло ҳар соат ғанимат аст, то созишномаи умумии оташбас имзо нагардад, ҷавонони зиёде аз ҳар ду ҷониб талаф меёбанд. Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, ки ба парвоз идома диханд.
Маълум аст, ки касе чизеро саҳв кардааст ва нодуруст фаҳмидааст. Дар он тарафи марз Президент ва ҳайати кории ўро ду мошини сабукрав интизор буд.
Аммо ин воқеа бар хилофи чашмдошт хеле бомуваффақият анҷом ёфт: умеду боварии Президенти Тоҷикистон амалан боҷуръатии ўро пурра собит гардонд. Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ Протокол дар бораи ба танзим даровардани вазъияти ҳарбӣ – сиёсӣ дар минтақаҳои ҷангро имзо карданд. Ғайр аз ин, хусусан пас аз вохўрӣ, дигаргуниҳои катъӣ ва муҳиме дар гуфтушунидҳо ба амал омад ва амалан оташбас байни размандагони мухолифин ва сарбозони ҳукуматӣ огоз ёфт. Ва агар Президент аз сарҳад ба Душанбе бармегашт, маълум набуд, ки дар Тоҷикистон “садои тўпҳо кай хомуш мешуд”.
Дигар саҳифаи фаромўшнопазир пазируфтани пешниҳод дар бораи даъвати иҷлосияи махсуси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум) мебошад. ҳарчанд нерўҳои мухолифин барои иштирок дар ин иҷлосия ба мувофиқа омаданд ва Президенти Тоҷикистон кафолати таъмини амнияти онҳоро ба дўш гирифт, намояндагони ҷониби мухолифин дар ин Иҷлосия, ки 11 марти соли 1996 баргузор гардид, ширкат наварзиданд. Бо вуҷуди ин Иҷлосияи мазкур доир гардид ва дар робита ба ин матлаб Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба таври махсус таъкид дошт: «Ба иҷлосия даъват шудани роҳбарияти мухолифин танҳо як мақсад дорад: азбаски давраи бетанаффуси гуфтушуниди байни тоҷикон ба кўчаи сарбаста ворид шуд, қарор додем, ки дар ин иҷлосия бо роҳбарияти мухолифин рў ба рў, ошкоро, бе пардапўшиҳои дипломатӣ гуфтугў кунем.
Ман ҳамеша тарафдори он будам ва ҳастам ва инро ҳангоми мулокотҳоям бо роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул ва Теҳрон ҳам гуфтам, ки муноқишоти миёни тоҷиконро бояд худи тоҷикон, намояндагони босалоҳияти ҳамин мардум, ки дилашон ба халқу қишварашон месўзад, ҳал кунанд.
Таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатхи ҷахонӣ мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттахид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид.
Оромиву амнияте, ки аз баракати Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тасаллут ёфт, барои бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт, тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷахон пояҳои мустаҳам гузошт. Ба расмият шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 150 давлати ҷаҳон, ифтитоҳи сафоратхонаи чандин кишварҳои дунё дар пойтахти Тоҷикистон ва дар мамолики ҷахон таъсис ёфтани намояндагиҳои дипломативу тиҷоратии давлати мо раванди ин муносибатҳоро вусъат ва суръати бесобиқа бахшид. Ҳамаи ин падидаҳои барҷаста, ки «сиёсати берунаи дарҳои боз дар низоми равобити дипломатии Тоҷикистон унвон гирифт, миёни Тоҷикистон ва ҷомеаи башарӣ пайвандҳои тоза ба тоза эҷод намуда, дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи ибратомўзи давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, сабақи судманди таърихии онро дар амнияти минтақаҳои мухталиф арзишманд гардонид.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, сиёсати сулҳофаринии сарвари Тоҷикистонро бо таваҷҷўҳ ба моҳияти фарогиру ояндасози он ба андеша гирифта навиштааст: Эмомалӣ Раҳмонов дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин бесабаб нест. Тамоми кўшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медихад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст.
Фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтироми ҷаҳонӣ армуғон овард.
Сарчашмаи ин эътирофи ҷаҳониро метавон дар заминаи шинохти моҳият ва ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориљии Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд, зеро тамоми дастовардҳои мардуми тоҷик дар даврони истиқлол, бавижа таҷрибаи сулҳ самараи ҳамин сиёсати оқилонаи сарвари давлат маҳсуб мешавад. Натиҷаи ин сиёсат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар мамлакат таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои азим дар тамоми соҳати зиндагӣ ба вуқўъ пайваста, заминаҳои эҳёи миллӣ ва таҷаддуди кишвар фароҳам омаданд. Тоҷикистон имрўз дар миёни анҷумани давлатҳои мутамаддин ҷойгоҳи шоистаи хешро пайдо карда, ташаббус ва иқдомоти Президент аз ҷониби кишварҳои хурду бузург ва созмонҳои байналмилалӣ бо иродатмандӣ истиқбол мешаванд. Сиёсати мазкур, ки бо зуҳури роҳбар ва пешвои навандеше дар таърихи миллати бостонӣ иртибот мегирад, падидаи барҳастаи таҳаввул ва гардиши куллӣ дар тафаккур ва фарҳанги сиёсии тоҷикон дар ибтидои асри XXI махсуб мешавад.
Истиқрори сулҳу созгории миллӣ, тантанаи ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Точикистон, ки аз ҳидматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллист, талошҳои тоҷиконро дар бунёди ҷомеаи демократӣ аз иқтидори азими маънавӣ бархурдор намуд. Бо ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон ва ҳузури мубораки ў рўзҳои ҷашни истиқлолияти миллӣ мардуми шарифи тоҷик дар яке аз манотиқи кишвар канори ҳам омада, нишоту шукронаи вистиқлолияти давлатиро ба ҳам қисмат мекунанд.
Ин расми наку ба як оини раъиятдории Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфта, ки дар миёни мардум ва мардуму давлат пайванду муқоламаи ҳамешагиро дар қаринаи хуштарин орзуву ниятҳо вазъ намуд. Бояд афзуд, ки ташрифи Президент ба шаҳру навоҳии мамлакат ба манзури огоҳии доиму мустақим аз ҳоли мулку мардум ва мулоқоту суҳбатҳои ошкору самимонаи эшон ба пиру барнои мамлакат, ба ғайри вуқуфи комил бар мушкилоти ҷудогонаи минтақаи мушаххас, шунидани ормонҳои мардум ва шарҳу тафсири нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамеша кушоиш ва барномаҳое дар пай дорад, ки муљиби пешрафтҳои намоёни ноҳия ва шаҳре мегардад.
Мардуми тоҷик тули солҳои соҳибистиқлолӣ мебинанд, ки ин ҳикмат дар мисоли сафарҳои сарвари давлат ба шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, ташрифи ў ба коргоҳҳои тоза, иншооти азими иҷтимоиву иқтисодӣ, мактабу китобхона, маҷмааҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ғайра дар ҳаёт татбиқ мешаванд ва ба ҳаққонияти он имон овардаанд. Истиқболи пурмуҳаббати мардуми ҳама махалҳои Тоҷикистон аз ҳузури Президенти мамлакат, ки байни худ ва сарвари худ ҳаргиз садде ё фосилаеро эҳсос накардаанд далели барҷастаи халқияти фитрату сиёсати Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз муассиртарин омили ба ваҳдату ягонагии воқеӣ расидани тоҷикон гардид.
Фаъолияти густурдаи Президент дар ҳодаи иттиҳоди тоҷикон ва форсигўёни тамоми олам, ки яке аз аслҳои умдаи ҳадафҳои олии ў буд, шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро аз маснади пешвои ормонии миллӣ то ба ҳадди пешвои тоҷикони ҷахон рифъат бахшид
Хуллас ин, ки мустаҳкам гардидани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо таҷрибаи таърихии хеш такя намуда, дар қарни XXI пешрафтҳои бузург ба даст меорад.
Адабиёт
1. Раҳмон, Э. (2021). Уфуқҳои истиқлол. — Душанбе: Нашриёти «Ирфон», 520 саҳ.
2. Раҳимзода, Р. Ҳ. (2018). Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон. — Душанбе: Нашриёти «Адиб», 356 саҳ.
3. Шарифзода, А., ва Айниддин, С. (2021). Эмомали Рахмон и 30 лет независимости: внутренняя и внешняя политика Президента Таджикистана в 2021 году. — Душанбе: ХКХТ, 284 с.
4. Холов А., ва Сайидзода, З. (2017). *Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори давлатдории муосири тоҷик.- Душанбе: Нашриёти «Ирфон», 248 саҳ.
5. Раҳмон, Э. (2016). Чеҳраҳои мондгор: Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: «ЭР-Граф», ISBN 978-99975-53-14-0, 192 саҳ.
6. Назарзода, Х. М. (2020). Эмомалӣ Раҳмон ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон. — Душанбе: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 210 саҳ.
7. Юсупов, Н. А. (2019). Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ. — Душанбе: Нашриёти «Адиб», 168 саҳ.
8. Абдуллоев, М. Р. (2022). Масъалаҳои давлатдорӣ ва раҳбарии миллӣ дар сиёсати Эмомалӣ Раҳмон. — Душанбе: Академияи идоракунии давлатӣ, 190 саҳ.
9. Раҳмон, Э. (2014). Тоҷикон дар оинаи таърих. Ҷ. 1–7. — Душанбе: «Ирфон». 10. Раҳмон, Э. (2009). Истиқлол ва давлатдории миллӣ. — Душанбе



