«МАРКАЗИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ БАЛҶУВОН» 11 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Корҳои барқарорсозии Қалъаи Балҷувон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
«Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ навсозӣ шуда, имконият фароҳам меорад, ки таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик ба таври шоиста муаррифӣ гардад.
Марказ дорои толорҳои калони намоишӣ, осорхонаи таърихӣ, китобхона ва гӯшаҳои махсуси фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳар як гӯша бо ҳунари баланди меъморӣ ва тарҳи замонавӣ оро ёфта, таърихи қадимаву фарҳанги ғании миллати тоҷикро инъикос мекунад. Дар осорхонаи ин мавзеъ намунаҳои нодири санъати дастӣ, нигораҳои қадимӣ, ашёи рӯзгори ниёгон ва асарҳои муҳаққиқону адибон ҷой дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки моҳи августи соли 2012 аз ҷониби бостоншинос, н.и.т. Хоҷазода Ш.Р. дар маркази ҷамоати деҳоти Сари Хосор – Шаҳидон қурғони давраи Ҳайтолӣ кушода ва мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Ҳангоми пажуҳиш муайян гардид, ки он қабри сарбоз бо тамоми афзори ҷангӣ ва аспу тушаи сафар боқӣ мондааст. Бозёфтҳои мазкур аҳамияти хосаи илми дошта вобаста ба таърихи миллат маводҳои ҷолибро пешниҳод менамояд.
Минтақаи Ховалингу Балҷувон яке аз гушаҳои Хатлони бостонӣ буда, таърихи бою рангин дорад ва қадимияти он зиёда аз 1 миллион сол аст. Аз таҳқиқоти бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва дигар сарчашмахои таърихӣ маълум мешавад, ки аз қадимулайём дар Балҷувон ниёгони тоҷикон, ки мардуми ориёитабор зиндагонӣ мекарданд.





