МУАРРИФИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ҚАЛЪАИ БОСТОНИИ КӮЛОБ

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги қадима ва бой мебошад, ки ҷузъҳои он дар шаклҳои алоҳидаи санъати ҳунармандӣ-тасвирҳо, катибаҳои рӯисангӣ, девормусаввараҳо, намудҳои гуногуни ороишӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ, эъмори қасру қалъа, кушк, ҳайкалу муҷассамаҳо ҳангоми ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз ҳудудҳои шаҳрҳои қадимаи тоҷикон бозёфт мегарданд.  Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии миллӣ пайвандгарӣ ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад.

Таъсисёбӣ ва ташаккули давлати Хатлони бостонӣ бо тамаддуни миллати тоҷик, ки дар тӯли қарнҳо шебу фарози зиёдро тай намудааст, пайванди  ногусастанӣ  дошта, он дар рушду нумуи таърих ва фарҳанги ин миллати қадим  мавқеи хосаро ишғол менамояд. Яке аз қисматҳои асосии ҳар як шаҳри аҳди қадим ё асримиёнагӣ дар радифи шаҳристону работ қалъаи он мебошад.

Қалъаи бостонии Кӯлоб дар қатори дигар ёдгориҳои бостонии ин шаҳри қадим, муаррифгари таърих, фарҳанг ва мавқеи он дар масири таърих ба шумор меравад. Шаҳри Кӯлоб яке аз шаҳрҳои қадимаи суннатии тоҷикон дар тӯли таърихи 2700 – солаи худ борҳо бозсозию навсозӣ гашта, вобаста ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар тарҳи он ба таври куллӣ тағйир кардааст. Дар натиҷаи муборизаҳои зиёди мардуми Хатлон ва шаҳрҳои асосии он, хусусан шаҳри Кӯлоб бар зидди истилогарон, аксари иншоотҳои як замон бошукӯҳу ҳашамати он, аз замони ибтидои асри оҳан, ҷузъи алоҳидаи қалъа ва хумдони бузурги истеҳсолӣ то замони мо омада расидаанд

Дар навиштаҳои пешин Бохтарро кишвари Ҳазоршаҳр ном мебурданд, ки ин бевосита сарзамини тоҷикон мансуб мебошад. Ободии мулк, роҳи бехавф, шаҳристонҳо бо растаҳои хуштарҳ, маҳсулоти пурҷилову баландсифати ҳунармандони заркӯбу ҷавоҳирсоз ва корвонсаройҳои бошукӯҳ бо корвонҳои муттасилро ба худ мекашиданду мепазируфтанд.

 Ҳамчунин таҳқиқотҳои бостоншиносӣ собит намуданд, ки шаҳри Кӯлоб дар замони Юнону Бохтар ва Кӯшониён низ обод будааст. Пас он дар ин давраҳо низ дорои арки худ буд. Яъне Кӯлоб дар ин давраҳои гуногуни таърихӣ дорои қалъаи мустақимтарини минтақа буда, дар радифи шаҳрҳои бузурги минтақа меистод.

Муаррих -Ҳофизи Таниши Бухороӣ  Қалъаи Кӯлобро чунин тасвир намудааст:

…Чу садди Сикандар дараш устувор,

Чу ҳусни фалак маҳкаму пойдор.

Ба ҳар рукни ӯ бурҷ афзун зи сад,

Чу айвону кайвони бурҷи Асад.

Зи пӯлод фаршу раҳаш рехта,

Сурайё зи тоқаш даровехта.

Яке жарф хандақ чу дарёи Нил,

Равон гирд дар гирди ӯ мил- мил.

Ба болои бурҷу фасили ҳисор,

Муҳайёву омода то сад ҳазор.

   Таърихи қалъасозии ниёгони тоҷикон ба ҳазорсолаҳои умқи таърих рафта мерасад, ки он дар тӯли ҳазорсолаҳо идома дошта, яке аз рукнҳои асосии пайдоиши аввалин шаҳрҳо дар ҳамин замина шаҳрдории минбаъдаи тоҷикон ва санъати иншоотҳои мудофиавии он мегардад. Тибқи ҳафриёти бостоншиносон қалъасозии мардуми ориёӣ аз замони асри биринҷӣ оғоз гашта, дар замонҳои минбаъда рушду такомули худро меёбад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top