Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллӣ шумораи нахустини маҷаллаи илмии «Ҳифзи мерос»-и Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.
Маҷалла бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардида, доираи васеи таърихнигорону бостоншиносони дохилу хориҷи мамлакатро бо дастовардҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шинос менамояд.
Ҳадафи таъсиси маҷаллаи «Ҳифзи мерос» ба шакли дуруст ва илман асоснокшуда дастрас намудани тамоми маводе аст, ки бевосита ба таъриху фарҳанги миллат марбутанд.
Дар маҷалла мақолаҳои олимону мутахассисони касбии соҳавӣ ҳам аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз хориҷи мамлакат дар самтҳои бостоншиносӣ, тармиму барқарорсозӣ, мероси моддӣ ва ғайримоддӣ нашр мегарданд.



