Димнаи Санҷаршоҳ дар қисмати ҷанубии деҳаи Суҷина, дар канори шимолу ғарбии зинаи соҳили рости Моғиёндарё 10 км дуртар аз самти шарқии шаҳри Панҷакент воқеъ гаштааст. Дарозии девори ҷанубии иншооти истеҳкомии асосӣ 90 м, девори ғарбӣ 100 м, девори шарқӣ 140 м ва тӯли девори радифи дувум 280 м мебошад. Димна ба қарнҳои III – IV – VII милодӣ мансуб мебошад .



