Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги миллат санаи 25.12.2025 бо намояндагии соҳаи илм ва таъриху фарҳанги Малайзия вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ марбут ба масъалаҳои ҳамкориҳои илмӣ, омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия, эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ, табодули таҷриба байни кишварҳо дар ин самт инчунин, масълаҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар Малайзия баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки шахсиятҳои маъруфи илму таърихи ҷаҳонӣ Абу Алӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Имом Бухорӣ ва ғайра, ки мансубият ба миллати тоҷик доранд, дар доираи илмии Малайзия дорои эҳтироми васеъ мебошанд.
Ҷонибҳо ҷалби муштараки олимони соҳавиро дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва мероси хаттӣ дар чорабиниҳои муштарак ва байналмилалӣ иброз намуданд.
Тибқи барнома ҳайати Академияи тадқиқотии Малайзия аз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии кишвар дидан менамоянд.





