Мақбараи мутаффакири асримиёнагии тоҷик Шайх Муслиҳиддин дар маркази таърихии шаҳр Хуҷанд ҷойгир мебошад. Дар асри XII сараввал ин оромгоҳ ҳамчун ҳуҷраи хурди хиштӣ бо ороишот аз гаҷ сохта шуда буд. Дар асрҳои XIV ва XV оромгоҳ бозсозӣ гашта, ба бинои ҳашткунҷаи дуошёна иборат аз гӯрхона ва зиёратхона табдил ёфт.



