Маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ

Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, шурӯъ аз семоҳаи якуми соли 2026 маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинониро баргузор менамояд.

Бояд қайд намуд, дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сабзкории кишвар, хусусан мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар, ки ҷузъи асосии сайёҳӣ ба шумор мераванд,ин иқдом саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Чунин тадбир, алакай дар ёдгориҳои нодири бостонии кишвар шаҳрҳои Истаравшан, Ҳисор, Ҳулбук ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар, оғоз шуда, идома дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top