1050-СОЛАГИИ РОБИЯИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  16 декабри соли 2025  қабули қатънома аз ҷониби ЮНЕСКО дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели равшани ҷойгоҳи хоси мероси маънавию фарҳангии тоҷикон дар тамаддуни башарӣ арзёбӣ карда шуд.

      Воқеан, талошу заҳматҳои Давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор ва ба ин васила пайванд додани гузашта бо имрӯзи миллат беш аз пеш самараи дилхоҳ ба бор меоранд. Бахусус, қабул шудани қатъномаи ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии нахустин шоираи забардаст ва соҳибдевони тоҷик Робияи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои 2026-2027 намунаи олӣ ва натиҷаи равшани чунин талошу заҳматҳост.

Воқеан, Робия- духтари Каъби Қуздории Балхӣ (асри X) аз нахустин занони сухансарои забардаст ва соҳибдевони тоҷик дар аҳди давлатдории силсилаи некноми Сомониён аст, ки ба забони модарии мо шеърҳои ширину дилрас сурудааст.

Шоир ва орифи машҳур Фаридиддини Аттор (1145-1221) дар маснавии «Илоҳинома» аз мулоқоту мушоира анҷом додани Робия бо устод Рӯдакӣ ва аз тарафи устод Рӯдакӣ мавриди ситоиш қарор гирифтани сурудаҳои вай ёдовар шудааст. Робия ба сабки баён ва вазни шеър ба забони модарии мо навовариҳо ворид карда, ба андешаи адиби маъруф Шамси Қайси Розӣ (асри XIII), дар «Ал-Муъҷам» баҳри хосеро ба баҳрҳои шеъри порсӣ илова кардааст. Ба ҳамин хотир, ҳамчунин дар робита ба он, ки вай нахустин шоираи соҳибдевон ба забони модарии мост, баъзе муҳаққиқон дар қиёс бо устод Рӯдакӣ – падари шеъри порсӣ Робияро модари шеъри порсӣ ном бурдаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top