ОБОДОНИВУ КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ   МАМНУЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲУЛБУК

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинониро баргузор менамояд.

Вобаста ба ин, имрӯз  корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи таърихии фарҳангии Ҳулбук»  роҳандозӣ шуд.

Ин иқдом дар партави ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сабзкории мамлакат, хусусан мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ, ки ҷузъи асосии сайёҳӣ ба шумор мераванд, амалӣ мегардид.

Ёдовар мешавем, ки 16-уми декабри соли 2025 зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватандустӣ , пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top