ЗИКРИ БОРБАДИ МАРВАЗӢ ДАР ПАЁМ

16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастуру супориш доданд, ки «бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

 Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ  дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.

Ӯро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 достони «хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаю Наздик медонанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top