МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ҲУДУДИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол дар ҳудудҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинониро баргузор менамояд. Аз ҷумла, маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияи Данғара доир карда шуд.

Маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ёдгориҳои нодири бостонии ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Истаравшан, Ҳисор, Ҳулбук ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат оғоз шуда, идома дорад.

Ин иқдом дар партави ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сабзкории мамлакат, хусусан мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ, ки ҷузъи асосии сайёҳӣ ба шумор мераванд, амалӣ мегардад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top