ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе дар ошёнаи дуюми Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Майдони «Истиқлол» воқеъ мебошад. Осорхона аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.

Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар он тахти Исмоили Сомонӣ бо тамоми унсурҳои таърихӣ ва ороиши деворнигораҳои таърихӣ аз Афросиёб, Варахша, Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат, ки ҳунармандони тоҷик онҳоро аз санг барқарор намудаанд, гузошта шудааст.

Дар атрофи он ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ- Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Ҳулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё, бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудаанд.

Тахти шоҳӣ бо тоҷи тиллоӣ рамзи давлатдорӣ буда, бо тилло ва сангҳои қиматбаҳо ороиш дода шудааст.

Ин иншоот мувофиқ ба талаботи муосири осорхонашиносӣ ва ороиши замонавӣ бино ёфтааст. Нигораҳои осорхона ҳамарӯза доир ба таърихи қадимии Душанбе ва рушди шаҳр дар давраи навтарин ба тамошобинон маълумоти муфассал манзур менамоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top