ОСОРХОНАИ МАКТАБИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ  ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН

Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  соли 2007 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №7-и ноҳияи Данғара ва синфхонае, ки дар он Президенти мамлакат солҳои 60-ум таҳсил намудаанд, бунёд гардидааст.

Осорхона  аз даромадгоҳ, толори калон ва синфхона иборат мебошад, ки дар онҳо беш аз 50 адад нигораҳои гуногун ба намоиш гузошта шудаанд, дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оммавии Сарвари давлат нақл мекунанд.  Дар даромадгоҳи осорхона бо аксу мусаввараҳо аз ҷараёни  сафари Пешвои миллат аз  гӯшаву канори гуногуни мамлакат  вохӯрдан мумкин аст.

Дар толори калони  осорхона  тамоми  фаъолияту зиндагиномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи мактабӣ то ба зинаҳои  олии роҳбарӣ  ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд.

Яке аз бахшҳои осорхона аз  китобҳои Пешвои миллат  фароҳам омадаанд, ки ҳар яки он бозгӯи ормонҳо ва  ҳувияти миллиии тоҷиконанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top