Имрӯз тибқи талаботи боби 4, банди 29-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи мерос” бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, Хоҷазода Шералӣ Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи мерос” ва аъзоёни ҳизб фаъолона иштирок доштанд.
Ҷаласаи ҳизбӣ тибқи рӯзнома роҳандозӣ шуда, дар фарҷом фаъолон бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва билетҳои ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.






